Дар шоҳраги таърихи миллати тоҷик саҳифаҳои пурдарду пурифтихор зиёданд. Яке аз фоҷиаовартарини он, бешак, солҳои душвори ибтидои даврони истиқлолият аст, ки Тоҷикистонро дар гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ қарор дод. Ин муноқишаи шадид боиси талафоти ҷонӣ, оворагии даҳҳо ҳазор ҳамватанон ва фурӯпошии сохторҳои давлатдорӣ гардид. Умед ба фардои дурахшон ба зери сояи ноумедӣ монд.
Аммо дар ҳамин марҳалаи сарнавиштсоз ва пурхатар, миллати мо роҳеро интихоб кард, ки сарнавишти давлату миллатро тағйир дод. Бо ташаббуси фарзанди барӯманди миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар иҷлосияи таърихии XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд ба раҳбарии кишвар интихоб гардиданд, равандҳои созанда шурӯъ шуданд. Ин иҷлосия, ки ба ҳақ таърихӣ ва наҷотбахши миллат ном гирифтааст, оғози роҳи сулҳ ва ваҳдати миллӣ гардид.
Раиси тозаинтихоби Шӯрои Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар яке аз нахустин суханрониҳои худ бо ҷасорат изҳор доштанд: «Ман қасам ёд мекунам, ки барои сулҳ ҷони худро нисор мекунам!». Ин сухан на танҳо шиори сиёсӣ, балки руҳияи давлатсозии навин буд, ки баъдан дар амал бо иқдомоти пайдарпайи сулҳофаринӣ собит гардид.
Дар шароите, ки ҷомеа аз парокандагӣ, нобоварӣ ва захмҳои равонӣ ранҷ мебурд, гуфтушуниди байни Ҳукумат ва неруҳои мухолиф оғоз ёфт. Билохира, рӯзи 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид. Ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз на танҳо ба ҷанги дохилӣ хотима гузошт, балки заминаи таҳкими давлатдории муосир ва пойдории истиқлолро гузошт.
Имрӯз мо бо ифтихор ва қаноатмандӣ метавонем гӯем, ки Ваҳдати миллӣ на танҳо хотимаи ҷанг, балки заминаи асосии рушди устувори давлат ва ҳаёти осоиштаи мардум аст. Ба шарофати сулҳ ва ризоият Тоҷикистон аз гирдоби харобӣ раҳо ёфта, ба сӯйи созандагиву бунёдкорӣ қадам гузошт. Таъмини амнияти миллӣ, рушди иқтисод, сохтмони роҳҳо, неругоҳҳо ва дигар инфрасохторҳо бар пояи ҳамин сулҳи таърихӣ роҳандозӣ гардид.
Маҳз ваҳдат имкон дод, ки миллати мо рӯ ба оянда биёрад ва дар фазои сулҳу субот давлатдории миллиро тақвият бахшад. Давлат ба таври назаррас ба ҳадафҳои стратегии худ - Истиқлолияти энергетикӣ, озуқаворӣ ва коммуникатсионӣ наздик шуд. Мақоми Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ таҳким ёфта, он ба як кишвари таъсиргузори минтақа мубаддал гардидааст.
Имрӯз ваҳдати миллӣ ҳамчун арзиши олии ҷомеа ба насли нав интиқол меёбад. Мо, ҷавонони даврони соҳибистиқлол, гарчанде шоҳиди рӯйдодҳои соли 1992 набудем, тавассути китобу мақолаҳо, филмҳои мустанад ва суханрониҳои Пешвои миллат дарк мекунем, ки оромии имрӯз осон ба даст наомадааст. Барои ин муъҷизаи таърихӣ ҳазорон шаҳид ва ҳазорҳо ҷонбоз сарф гардид. Аз ин рӯ, ҳар фарди бедордил вазифадор аст, ки сулҳу суботро ҳифз намояд ва ваҳдати миллӣ - ин сутуни бақои давлатро эҳтиёт кунад.
Чунонки файласуфи англис Бернард Шоу гуфтааст: «Симои миллатро олими асил, варзишгари номдор ва сиёсатмадори вораста месозад». Барои миллати тоҷик, ин сиёсатмадори вораста бе шак, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки бо ҷасорату ҳикмат миллати парешонро сарҷамъ кард ва шиносномаи навини давлатдории тоҷиконро ба ҷаҳониён муаррифӣ намуд.
Беш аз бисту ҳафт сол аст, ки рӯзи 27 июн ҳамчун Рӯзи Ваҳдати миллӣ таҷлил мегардад. Ин на танҳо як санаи таърихист, балки рӯзи эҳтиром ба хештандорӣ, худогоҳӣ ва фарҳанги сулҳпарварии миллат мебошад. Ҷавонон, ки ояндаи кишвар дар дасти онҳост, бояд ваҳдатро ҳамчун амонати муқаддас нигоҳ доранд ва баҳри шукуфоии Тоҷикистони азиз содиқона хизмат намоянд. Зеро ваҳдат ҳастии миллат ва пояи бақои давлат аст.
Бояд тазаккур дод, ки имзои Созишномаи сулҳ танҳо ҳуҷҷати сиёсӣ набуд, он рамзи шуурмандӣ, хирад ва фарҳанги баланди мардум буд. Ваҳдати миллӣ маънои бародарӣ, гуфтугӯ, таҳаммул ва якпорчагиро дорад. Ин арзишҳо имрӯз ба сутуни асосии давлатдории тоҷикон табдил ёфта, роҳи моро ба сӯи ҷомеаи адолатпарвару ҳуқуқбунёд ҳамвор сохтаанд.
Баъди сулҳ, Тоҷикистон дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоӣ пешравиҳои зиёдеро ба даст овард. Сохтмони нерӯгоҳҳо, роҳҳо, мактабу муассисаҳои илмӣ, рушди соҳаи тандурустӣ, маориф ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, ҳамаи ин дар фазои сулҳу оромӣ ва ваҳдати комил амалӣ гардид.
Имрӯз Тоҷикистон намунаи равшани кишварест, ки аз фоҷиаи миллӣ дарси бузург гирифт ва онро ба қувваи пешбарандаи давлат табдил дод. Бо шарофати ваҳдати миллӣ, кишвар тавонист истиқлолияти худро ҳифз кунад, ҷомеаро муттаҳид созад ва самти рушду тараққиёти устуворро интихоб намояд.
Бо назардошти таҷрибаи талхи гузаштаи на он қадар дур, имрӯз ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон, новобаста аз мансубияти динӣ, қавмӣ, забонӣ ва иҷтимоӣ вазифадор аст, ки Ваҳдати миллиро мисли гавҳараки чашм ҳифз намояд. Зеро ҳар як қадам, ҳар як дастоварди миллӣ, ҳар як шоҳкори илмиву фарҳангӣ ва ҳар як ободии кишвари мо маҳз дар заминаи сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ имконпазир аст.
Дар арафаи Рӯзи Ваҳдати миллӣ мо ба ҳар як ҳамватан, ба ҳар як шахси хайрхоҳу ваҳдатпарвар арҷ мегузорем. Ба насли ҷавон мебояд, ки таърихи нооромии солҳои навадуми асри гузашта, фоҷиаи ҷанги шаҳрвандӣ ва заҳмату талошҳои зиёди Пешвои миллат ва фарзандони содиқи Ватанро донанду биомӯзанд, то ҳаргиз роҳи нафрату парокандагӣ такрор нашавад.
Дар ҳақиқат, Ваҳдати миллӣ танҳо як сана дар тақвим нест, балки он эҳсос, масъулият ва омили ҳаётан муҳим барои пойдории ҳар давлат ва саодати ҳар миллат мебошад. Ва ҳамин ваҳдат аст, ки имрӯз Тоҷикистонро дар харитаи ҷаҳонӣ чун давлати сулҳпарвару рушдкунанда муаррифӣ мекунад.
Маркази матбуоти Агентӣ