Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ як қатор қарору қонунҳо, санадҳои муҳими давлатӣ қабул гардиданд, ки ба осоиштагӣ ва зиндагии пурбаракати ҷомеа мусоидат намуданд. Аз ҷумла, қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 8 июни соли 2007 дар ҳаёти мардуми кишвар падидаи бемисли иҷтимоию фарҳангӣ ба шумор меравад, ки бевосита бо ташаббус ва иқдоми наҷибонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тасвиб расидааст.

Бо мақсади омӯзиши вазъи расму оинҳо ва баргузории маъракаю маросими мардумӣ аз соли 2007 сар карда, дар сатҳи ҳукумат гурӯҳҳои корӣ таъсис дода, ба ҳукумати ҷумҳурӣ хулосаи ниҳоиро пешниҳод намуданд. Пас аз муҳокимаи васеъ 24 майи соли 2007 лоиҳаи Қонун ба муҳокима гузошта шуд ва билохира 8 июни соли 2007, №272 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» имзо гардид.

Бояд таъкид намуд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» нахустин қонуни миллии кишвар буда, аз ҷониби аҳолӣ хеле хуш пазируфта шуд. Он дар даврае ба тасвиб расид, ки ҷомеаи ҷаҳониро буҳрони молиявӣ таҳдид мекард. Маҳз қабули ҳамин қонун боис гардид, ки болоравии фарҳанги маъракаороии мардум ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои иқтисодию иҷтимоии онҳо таъмин гардад. Муҳимтар аз ҳама, мазмун, моҳият ва муҳтавои қонун пурра ба табиат ва манфиати мардум мувофиқ омада, аз ҷониби шаҳрвандони мамлакат бо қаноатмандӣ пазируфта шуд. Тайи ҳаждаҳ сол дар раванди амалисозии он корҳои зиёде сурат гирифтанд. Дар самти ба низом даровардани маъракаю маросим ва баланд гардидани фарҳанги маъракаороии мардуми кишвар натиҷаҳои назаррас низ ба амал омаданд.

Расму оин ва ҷашну маросимҳои мардумӣ дар ҳаёти фарҳангӣ, маънавӣ ва моддиву маишии халқи мо таърихи тӯлонӣ дорад. Аҳаммияти расму оинҳо ва маросимҳои мардумӣ чун қисми таркибии фарҳанги миллӣ дар тарбияи насли наврас низ басо бузург аст. Расму оин ва ҷашну маросимҳо дар баробари инкишофу пешрафти ҷомеа метавонанд тағйир ёбанд ва шаклу мазмуни нав гиранд. Яъне, анъана ва ҷашну маросим ҳамчун омили муҳими зуҳуроти иҷтимоӣ зарурат ба танзим дошта, мутобиқ ба талаботи давру замон бояд инкишоф ёбанд. Вале аз сабаби тақлидҳои ноҷоя ба якдигар дар охири асри гузашта аз ҳад зиёд баргузор гардидани ҷашну маъракаҳо ба сари мардуми Тоҷикистон бори гарон овард,. ки дар гузаронидани тӯйю маъракаҳо, маросими дафну азодорӣ боиси хароҷоту исрофкориҳои аз ҳад зиёд шуд.

Пешвои миллат дар суханронии худ дар мулоқот бо аҳли ҷамоатчигии кишвар 24 майи соли 2007 гуфта буданд: «Аксарияти оилаҳои кишвари мо пойбанди хурофот ва зоҳирпарастӣ шуда, ба ҷойи фароҳам овардани шароити зарурӣ барои таълиму тарбияи фарзанди хеш суннати оилавӣ ва одии хатнаро бо иштироки меҳмонони зиёд ба тӯйи пурдабдаба табдил медиҳанд». Дар ҳақиқат, то даврони ворид гардидани тағйиру иловаҳо ба қонун ҳамасола дар мамлакат ба ҳисоби миёна беш аз бист ҳазор маъракаи хатнасур доир мегардид.

Яке аз ҷанбаҳои Қонуни мазкур паҳлуи маънавию ахлоқӣ ва тарбиявии он мебошад. Нақши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ташаккул ва тарбияи насли наврас низ чашмрас аст. Воқеан ҳам, ҳар кор назму тартиб мехоҳад ва риояи қонуни танзим низ аз ин истисно нест. Исрофкорӣ амали ношоиста буда, риоя накардани танзим танҳо бар зарари мост. Бинобар он, пешгирӣ аз исрофкориро мо бояд ҳамеша зери назорат бигирем, то ба ҷону моли хеш ҷабр нанамоем.

Маркази матбуоти Агентӣ