«Парчами давлати соҳибихтиёри мо нишонаи таъриху фарҳанги бостониву пурғановати миллати тоҷик буда, ҳар як фарди ҷомеаро вазифадор менамояд, ки нисбат ба ин рамзи муқаддаси миллӣ эҳтиром ва арҷ гузорад».
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ ва рамзҳои давлатӣ, аз ҷумла Парчами миллӣ нишони муҳаббат ба Ватан, ифтихори миллӣ ва масъулияти шаҳрвандии ҳар фарди ҷомеа маҳсуб меёбад.
Парчами миллӣ баёнгари ҳастии давлати соҳибистиқлол, рамзи иттиҳоду сарҷамъии мардуми мамлакат ва илҳомбахши кору пайкори фарзандони содиқу вафодори Ватан ба хотири пойдории дастовардҳои истиқлолият ва таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ мебошад.
Анъанаи парчамдории халқи мо таърихи чандинҳазорсола дошта, аҷдодони шарафманди мо ҳамчун посдорони фарҳангу тамаддуни куҳан роҳи тӯлонии парчамдориро тай намудаанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳо гуфта буданд, ки «Парчами миллӣ ифодагари Истиқлол, нангу номус, ватандӯстию ҳувияти миллии мардуми куҳанбунёди мо аст».
Ҳанӯз аз давраҳои бостонӣ парчам барои мардуми куҳанбунёди тоҷик рамзи давлатдориву ватандорӣ, таҷассумгари ҳувияти миллӣ, ифтихору шараф ва нангу номус ба ҳисоб рафта, фарзандони сарсупурдаи халқамон барои ҳифзи он ҷоннисориҳо кардаанд.
Воқеан ҳам дар фарҳанги давлатдории тоҷикон парчам ва парчамдорӣ таърихи хеле қадим ва рангин дошта, он дар осори хаттӣ, бозёфтҳои бостоншиносӣ, бахусус деворнигораҳои мухталиф, сарчашмаҳои таърихию адабӣ ва достону қиссаҳои мардумӣ ба таври васеъ инъикос ёфтааст. Аз ҷумла, дар «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ таърихи парчамдории ниёгони мо басе ҷолибу ҷаззоб зикр ёфта, доир ба «Дирафши Ковиён» маълумот оварда шудааст.
Чу Кова бурун омад аз пеши шоҳ,
Бар ӯ анҷуман гашт бозоргоҳ.
Ҳаме бархурӯшиду фарёд хонд,
Ҷаҳонро саросар сӯи дод хонд.
Фурӯ ҳишт з-ӯ сурху зарду бунафш,
Ҳаме хондаш «Ковиёнӣ дирафш».
Таърих гувоҳ аст, ки парчамдорӣ эҷоди мардуми форс буда, пеш аз ҳама, ҳастии миллат ва давлатдориро муаяйн мекард. Тӯли таърих давлатҳои Ҳахоманишиён, Ашкониён, Сосониён ва Сомониён ҳар яке парчамдор буданд.
Давлатҳои минбаъдаи ниёгони мо, ки дар сарзамини паҳновари Мовароуннаҳру Хуросон таъсис ёфта буданд, дар пайравӣ ба фарҳанги парчамдории ниёгонамон парчами хоси худро доштанд. Аз ҷумла, дар даврони Иттиҳоди шуравӣ Тоҷикистон аз соли 1929 то 1992 дар маҷмуъ 7 маротиба Парчам қабул кардааст.
Парчами ҳозираи Ҷумҳурии Тоҷикистон зодаи даврони истиқлол буда, мову Шумо хуб медонем, ки эҳёи дубораи миллати арҷманди мо маҳз аз замони истиқлол шурӯъ шуд. Бо ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ мо ба таҳқиқи ҳамаҷонибаи арзишҳои таърихиву фарҳангии деринаи миллат рӯ оварда, дар заминаи он рамзу муқаддасоти давлати соҳибистиқлоламонро таҳия ва қабул намудем. Баробари эълон гардидани Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурати тағйир ва қабули рамзҳои давлатӣ, аз ҷумла парчам ба миён гузошта шуд.
Вобаста ба таҳия намудани рамзҳои нави давлатӣ Комиссияи махсус ташкил карда шуд, ки онро президенти ҳамонвақтаи Акадамеяи илмҳои Тоҷикистон академик Муҳаммад Осимӣ бар уҳда доштанд. Барои таҳияи рамзҳои давлатӣ аз байни санъатшиносон ва рассомон низ гурӯҳ интихоб карда шуд ва дар он роҳбар ва лоиҳакаш рассоми халқии Тоҷикистон - Зуҳур Ҳабибуллоев, рассом, санъатшинос, номзади илмҳои санъатшиносӣ - Лариса Додхудоева, президенти иттифоқи дизайнерҳои Тоҷикистон - Анатолий Заневсий ва санъатшинос, ходими хизматнишондодаи санъати Тоҷикистон - Ирина Игнатушина шомил буданд.
Дар натиҷа ба ҳайати комиссия зиёда аз 200 тарҳи парчаму нишон пешниҳод гардид. Ниҳоят Парчами давлатӣ – бо се хати ранга: сурх, сафед, сабз ва тоҷу ҳафт ситора – лоиҳаи таҳиянамудаи гурӯҳи рассомон бо роҳбарии Рассоми Халқии Тоҷикистон Зуҳур Ҳабибуллоев дар озмун беҳтарин парчам интихоб гардид.
Лоиҳаи парчами интихобгардида 24 ноябри соли 1992 ба муҳокимаи вакилони халқ дар Иҷлосияи ХVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар шаҳри бостонии Хуҷанд баргузор гардида буд, пешниҳод карда шуда, дар онҷо Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Низомномаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро қабул намуд.
Рӯзи дигар, яъне 25 ноябри соли 1992 рамзи нави давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон - Парчами давлатӣ ба толори иҷлосияи Шурои Олӣ ворид карда шуд ва аввалин маротиба раиси тозаинтихоби Шурои Олии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди он сари таъзим фуруд оварда, қасам ёд намуданд.
Хушбахтона, дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон нахустин Парчами давлатӣ, ки 24 ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи ХVI Шурои Олии Тоҷикистон қабул ва тасдиқ гардида буд, ҳамчун ашёи нодири таърихӣ мавриди ҳифз ва муаррифии шоиста қарор дорад.
Боиси хушнудист, ки имсол мо 33-юмин солгарди рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил менамоем. Бояд тазаккур дод, ки ҳанӯз 3 ноябри соли 2009 бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид»-ро доир ба муқаррар намудани Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд. Маҷлиси намояндагон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид»-ро 11 ноябри соли 2009, таҳти №1458 бо тарафдории тамоми вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул кард ва он 19 ноябри соли 2009, таҳти №563 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид. Аз ҳамон сол, дар саросари кишвари азизамон 24 ноябр ҳамчун Рӯзи Парчами давлатӣ бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил карда мешавад, ки ин ифтихор ва сарбаландии ҳар як фарзанди меҳанпарасту миллатдӯсти Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.
Ба хотири арҷгузорӣ ба Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 30 августи соли 2011 дар маркази шаҳри Душанбе Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо баландии 30 метр ва паҳноии 60 метр дар пояи 165 метр, ки яке аз баландтарин Парчам дар ҷаҳон мебошад, парафшон гардид.
Бояд тазаккур дод, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ зери парафшонии Парчами давлатӣ дар кишвари мо даҳҳо иншооти бузурги аср ва садҳову ҳазорҳо иншооти муҳимми истеҳсоливу иҷтимоӣ бунёд гардиданд, ки ҳамаи онҳо самараи заҳмати ватандӯстонаи сокинони мамлакат буда, ба рушди устувори иқтисоди миллӣ, таҳкими иқтидори давлат ва ба таври бесобиқа ободу зебо гардидани Ватани маҳбубамон мусоидат намуданд.
Таҳти ин Парчам миллати тоҷик лаҳзаҳои бисёр ҳассоси таърихиро сарбаландона паси сар карда, истиқлолияти миллӣ, забону фарҳанг ва марзу буми аҷдодиашро ҳимоя намудааст.
Ҳар як фарде, ки имрӯз ба Парчам ва Нишони давлатӣ назар мекунад, хуб эҳсос менамояд, ки ин ду рамз ифодакунандаи иқболу истиқлол, иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва худшиносиву ҳуввияти миллии мардуми соҳибфарҳанги мо - тоҷикон буда, мақсаду мароми неки ин халқи куҳанбунёдро дар ҷилои рангҳои худ инъикос менамоянд.
Парчами давлатӣ барои мо - нишонаи бақои миллату давлат, ваҳдати миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи ҷавонон ва насли наврас дар рӯҳияи ифтихори миллӣ, ҳимояи арзишҳои волои таърихиву фарҳангии халқамон мебошад.
Моро мебояд, ки бо Парчами миллии худ ифтихори зиёде дошта бошем, эътибори онро ҳамчун нишони давлатдории миллӣ, озодӣ ва истиқлоли Ватан, сармояи гаронбаҳои умумимиллӣ ба ҷо оварда, нақшу эътибори онро ба фарзандони худ ва ҷавонону наврасон талқин намоем. Ҳар як фарзанди Ватан барои парчамбардору номбардор ва ифтихори миллату давлат будан, бояд ҳамеша талош намояд.
Мардуми шарафманди Тоҷикистон зери парафшонии Парчами давлати худ барои истиқболи сазовори ҷашни муқаддасу бузурги миллӣ - сивупанҷсолагии Истиқлоли давлатӣ саъю талош карда, ҳадафҳои бузургу созандаро амалӣ месозанд.
Дар фароварди гуфтаҳои боло, умедвор ҳастем, ки Парчами миллӣ - рамзи давлати соҳибистиқлоли мо, ҷоннисориҳои халқи мо барои ваҳдати миллӣ, нишонаи нангу номус ва таҷассумгари муҳаббату садоқати ҳар як фарди Тоҷикистон ба Ватани ободу соҳибихтиёр то абад парафшон бошад!
Ба ифтихори ин ҷашни фархунда ҳамаи шаҳрвандони азизи кишвари биҳиштосоямонро бо Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик гуфта, орзумандем, ки Парчами давлатии мо дар фазои орому осудаи мамлакат ҳамеша роҳнамову роҳкушои мардуми шарафманди тоҷик ба сӯи ояндаи неку осуда бошад.