Наврӯз аз қадимтарин ва зеботарин ҷашнҳои миллии мардуми мо ба ҳисоб рафта, рамзи эҳёи табиат, дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ ва некиву накӯкорӣ мебошад. Ин ҷашни бузург моро ба ваҳдату ҳамбастагӣ, ободкориву созандагӣ ва эҳтироми арзишҳои миллӣ ҳидоят мекунад.
Эмомалӣ Раҳмон
Наврӯз аз зумраи идҳое мебошад, ки онро мардуми тоҷик дар қатори дигар халқу миллатҳо бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил менамояд. Наврӯзро соли нави мардуми ориётабор маънидод намуда, он ҳар сол бо муҳаббату самимият пешвоз гирифта мешавад. Чуноне ки аз номи он бармеояд, Наврӯз маънии “рӯзи нав”-ро дошта, дар ибтидои соли нави хуршедӣ таҷлил мегардад. Наврӯз ҷашни фарорасии баҳори нозанину зиндашавии табиат, оѓози кишту кор ва айёми баробаршавии шабу рӯз аст.
Дар таърихи фарҳанги мардуми ориёи ҳеҷ як анъана ва расму ойин чун ҷашни хуҷастапай ва фархундаи Наврӯз азизу арҷманд нест. Наврӯз пайвандгари насли имрӯз бо расму ойин, арзишҳои миллӣ, меҳру садоқат ва анъаноти ниёгон мебошад. Ин аст, ки ҳар сол он бо тамоми шукуҳу шаҳомати хоса пешвоз гирифта мешавад ва дар ҳар гӯшаи ҷумҳурӣ бо оростани дастархони идонаи наврӯзӣ онро бо фараҳмандӣ истиқбол мегиранд.
Доир ба ҷашни Наврӯз фарҳангшиносон низ андешаҳои гуногун дошта таъкид менамоянд, ки Наврӯз яке аз ҷашнҳои бостонии қавмҳои ориёинажод аст. Ба иттилои сарчашмаҳои таърихӣ ин иди суннатии мо аз давраҳои хеле қадим ҷашн гирифта мешавад. Наврӯз то ба давраи дини Зардуштӣ ҳам таҷлил мегардид. Сухан дар бораи он меравад, ки Наврӯз иди баҳору шукуфоӣ ва зиндашавии табиат мебошад. Фалсафаи Наврӯз нафақат зиндашавии табиат, балки як воқеияти зиндагӣ аст, ки дар ҳамин рӯз таҳаввулоти бузурге ба вуҷуд меояду табиат эҳё мешавад. Ба гуфти бузургони гузаштаамон, Наврӯз ҷавоншавии табиат аст.
Бо омадани Наврӯз хонаҳоро тозаю озода мегардонанд, ҳафтсину ҳафтшин омода менамоянд. Деҳқон ба кишту кор оѓоз мекунад. Киштукор кардани замин маънии зиндагии навро дорад. Ҳамин аст, ки фарҳанги ҷашни Наврӯз дар тафаккури мардум як такопӯ ва ҷустуҷӯи фарҳангиро ба вуҷуд меорад. Наврӯз хоси мавқеи ҷуѓрофии мо мебошад. Агар дар дигар минтақаҳои ҷаҳон сардӣ бошад, дар мо фасли баҳор асту мавсими таҷлили ин иди накӯст. Омадани ин рӯз ба зиндагии мо таровату нафосати тоза мебахшад.
Яке аз хусусиятҳои асосии фарҳангии ин ҷашн аз он иборат аст, ки дар ин айём шабу рӯз баробар мешавад. Пас аз он шабҳо кӯтоҳу рӯзҳо дарозтар мешавад, то инсон бештар меҳнату эҷод намояд.
Гарчанде ҷашни Наврӯз ва ойину маросимҳои он дар тӯли таърих борҳо ба таѓйиру дигаргуниҳо мувоҷеҳ шудааст, аммо мардуми ориёӣ дар ҳама замонҳои душвор ва пур аз ҷангу офатҳо аз таҷлили ин ҷашни зебои ниёгон даст накашидаанд. Имрӯз ҳам гулгардонӣ, суманакпазӣ, пухтани хӯрокҳои миллӣ, сайри наврузӣ, оштикунонӣ, бузкашӣ ва хондани таронаҳои наврузӣ маъмулу машҳуранд.
Ба таъкиди фарҳангшиносон Наврӯз як иди суннатии мост, ки бояд бо тамоми шукӯҳаш онро ҷашн гирифт. Дар ин ид андешаи инсон бояд наву тоза шавад. Нарӯз дар ниҳоди инсон бояд эҳсосеро ба вуҷуд биёрад, ки ӯ созандаву ободгар аст. Наврӯз иди ҷавонӣ ва талош барои зиндагии наву шоиста аст. Наврӯз айёми дурӣ ҷустан аз кинаву ҳасад, кудурату душманист. Наврӯз рамзи ваҳдати инсонияти асил аст. Наврӯз - айёме, ки пиру барно бо ҳам меоянд, шодию хурсандӣ мекунанд ва аз гузаштагон ёд менамоянду пайвандии худро бо табиат баён месозанд.
Дар даврони Истиқлол Наврӯз бо шукӯҳу шаҳомати тоза ҷашн гирифта мешавад ва суннатҳои милливу бостонии мо, ки дар вуҷудамон нуҳуфтааст, аз нав эҳё мегардад. Ин як эҳтиром ба фарҳангу тамаддуни миллат ва ба забону ҳастии миллат аст. Бо ҳамин ҷашнгирии ин ид мардум ба худогоҳиву худшиносӣ бештар мерасанд. Фалсафаи Наврӯз ҳам дар ҳамин нуҳӯфтааст. Ҷашне, ки таъриху зиндагӣ ва фарҳанги моро ба мардуми ҷаҳон муаррифӣ менамояд. Аз ин рӯ, ҷашнгирии Наврӯз на ба ҳайси як ид, балки ба мисли як нишонаи фарҳангу тамаддун мебошад.
Боиси ифтихор аст, ки бо ташаббусҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2009 ҷашни Наврӯз бо қарори ташкилоти фарҳангии Созмони Милали Муттаҳид ба феҳристи осори фарҳангии инсоният ЮНЕСКО шомил гардид ва дар таърихи 18-уми феврали соли 2010 дар ҷаласаи 64-уми Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид Қатъномаи «Рӯзи байналмилалии Наврӯз» ба тасвиб расид. Бобати ба тасвиб расидани ин Қатъномаи барои мардуми ориёитабор хеле фараҳбахш саҳми Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле калон аст. Наврӯзи даврони Истиқлол ба шукӯҳу ҷалоли худ боз як нерӯи хосе зам намуд, ки Наврӯз хусусиятҳои деринаашро бо пазироии рӯҳияи замони нав созгор карда, имрӯз он мавриди эътирофи ҷаҳониён қарор гирифтааст.
Дар Тоҷикистони соҳибистиқлол Наврӯз ба ҷашну сурури умумимиллӣ табдил ёфта, сол аз сол шукӯҳу ҷалоли бештар мегирад. Миллати тоҷик ҷашни Наврӯзро дар тули садсолаҳо ба монанди забони модарӣ ҳифз намуда, дар замони навин онро ҷузъи таркибии ҳуввияти миллӣ ва мояи сарбаландии маънавии худ медонанд.
Ба андешаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Шояд дар олам мисли Наврӯз кам ҷашне вуҷуд дошта бошад, ки русуми дилчасп ва суннатҳои зиндагисози онро миллату халқҳои дигари олам чун дастоварди беназири фарҳангӣ пазируфта, бо ҳамин номи зебои тоҷикӣ таҷлил намоянд. Наврӯз асолатан ибтидои корҳои наҷибу азму иродаи тоза, ҷашни парвариши рӯҳ ва афкори солим, пиндору кирдору рафтори нек аст».
Маҳз бо мақсади бедор намудани хотираҳои таърихӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 декабри соли 2025, ба Ҳукумати мамлакат ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дастур доданд, ки ҷиҳати дар пойтахти кишвар - шаҳри Душанбе бунёд намудани Конун, яъне Маркази тамаддуни ориёӣ ва Маркази байналмилалии Наврӯз бунёд карда шавад.
Наврӯз ҳамчун як рукни худшиносии миллӣ, василаи муҳими пайванди наслҳо, робитаи гузаштаю имрӯза, эҳёи анъанаҳои зебоипарастӣ, рамзи дӯстию рафоқат ва ба зиндагии хушу хуррам расидан мебошад.
Наврӯз нишонаи олии хубию покӣ, дӯстию ҳамдилӣ ва иди сафову эҳёи табиат буда, ин иди аҷдодони гузаштаи мо мебошад, ки ба мо ҳамчун мерос боқӣ монда, арҷгузории ин ҷашни миллӣ арҷгузорӣ ба расму русуми гузашта мебошад.
Ҷашни Наврӯз чун бунёди табиати сарсабзу хуррам аст, инчунин қувваи тоза гирифтани орзуҳои ниҳонии инсонҳо буда, омадани он шукуфоиву сарсабзӣ ва эҳё гардидани боз як соли навин асту инсонро мебояд, то онро бо тамоми вуҷуд пешвоз гирад ва баҳри амалӣ намудани марому мақсудҳои накӯ созандааш ҷаҳду талош намояд.
Бо дарназардошти гуфтаҳои боло гиромидошти ин ҷашни аҷдодии мо бояд имрӯзу фардоҳо мояи ифтихори ҳар яки мо бошад.
Аз ин фурсати басо муносиб истифода бурда, бо фарорасии рӯзҳои баҳорӣ - ҷашни пуршукӯҳи Наврӯзи ҷаҳонӣ тамоми мардуми шарифи Тоҷикистонро табрик гуфта, ба Шумо саломатӣ, рӯзгори осуда, саршор аз нишоту сарсабзиҳо ва дар корҳои ҳамарӯзаатон пешравиҳои назаррасро орзу дорем.
Маркази матбуоти Агентӣ