Модар сарчашмаи ҳикмат ва муҳаббат мебошад. Модар бузургтарин неъматест, ки инсон дар зиндагӣ дорад. Ӯ аввалин шахсест, ки бо муҳаббат фарзандашро ба оғӯш мегирад, аввалин садоест, ки кӯдак мешунавад ва аввалин муаллимест, ки ба ӯ зиндагиро меомӯзонад. Калимаи «модар» худ рамзи меҳрубонӣ, садоқат ва фидокорист. Ҳеҷ як муҳаббат дар ҷаҳон бо муҳаббати модар баробар шуда наметавонад, зеро муҳаббати ӯ беғараз, самимӣ ва ҷовидона аст.
Модар! Ин калима ҳангоми талаффуз ҳама дилҳоро нарм мекунад, ҳама чашмҳоро намнок месозад ва ҳама хотираҳоро ба лаҳзаҳои гарму самимӣ мебарад. Модар на танҳо як инсон аст, балки рамзи ҳаёт, муҳаббат, сабр ва фидокорӣ. Дар ҳар фарҳанг ва ҳар миллат модарро муқаддас медонанд, вале дар фарҳанги тоҷикӣ модар ҷойгоҳи хос дорад — ӯ ҳам Ватан аст, ҳам биҳишт ва ҳам ҳаёт барои фарзанд.
Шоир Лоиқ Шералӣ муҳаббати модарро ба Ватан баробар дониста менависад:
Ёрон ҳама ҷо, вале Ватан дар як ҷост,
Ҳар санги Ватан мисоли ҳайкал зебост.
Олам ҳама ҷо азиз, лекин бар ман
Модар яктост, Тоҷикистон яктост.
Ҳикмати модар дар суханони содда, вале пурмазмун зоҳир мешавад. Бисёр вақт фарзанд дар ҷавонӣ ба маслиҳати модар чандон аҳамият намедиҳад, аммо бо гузашти солҳо дарк мекунад, ки ҳар як сухани модар аз таҷрибаи зиндагӣ сарчашма гирифтааст.
Модар танҳо таълим намедиҳад, балки бо намунаи шахсии худ тарбия мекунад. Агар модар меҳрубон бошад, фарзанд низ меҳрубониро меомӯзад. Аз ҳамин сабаб мегӯянд, ки ояндаи миллат аз домани модар оғоз меёбад.
Муҳаббати модар ҳадду канор надорад. Ӯ барои фарзандаш омода аст аз роҳати худ гузарад, то фарзандаш роҳат бошад. Шабҳои бедорхобӣ, ғамхориҳои пайваста, дуоҳои самимӣ — ҳама нишонаи муҳаббати поки модар аст.
Вақте ки фарзанд бемор мешавад, модар аз ҳама бештар нигарон мешавад. Дили ӯ пур аз изтироб мегардад ва то шифо ёфтани фарзанд ором намешавад. Вақте ки фарзанд ба муваффақият мерасад, модар бо тамоми ҳастӣ шод мешавад.
Модар на танҳо тарбиятгари фарзанд, балки бунёдгузори ҷомеаи солим аст.
Таърих гувоҳ аст, ки пушти ҳар як шахсияти бузург модари доно ва сабур меистад. Ӯ фарзандашро ба донишомӯзӣ, меҳнатдӯстӣ ва ватандӯстӣ ҳидоят мекунад. Бо ҳамин роҳ модар на танҳо як фарзанд, балки насли ояндаро тарбия менамояд.
Дар фарҳанги мо мақоми модар хеле баланд аст. Мақолҳо ва ҳикматҳои зиёде дар васфи модар гуфта шудаанд. Мегӯянд: «Биҳишт зери қадамҳои модарон аст». Ин сухан нишон медиҳад, ки эҳтиром ва итоати модар то чӣ андоза муҳим аст. Ризоияти модар баракати зиндагиро меафзояд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар» аз 28-уми декабри соли 2024 иброз намуданд, ки: «дар фарҳангу тамаддуни мо – тоҷикон иззату эҳтироми зан – модар ҳамеша ҷойгоҳи хос дорад. Вале бояд гуфт, ки мақому манзалати занону бонувон ва нақши онҳо дар эъмори давлати муосир ва рушди ҷомеа маҳз дар замони соҳибистиқлолӣ воқеан боло рафтааст».
Сиёсати иҷтимоии давлат низ ба ҳифзи ҳуқуқ ва дастгирии модарон равона гардидааст, зеро рушди ҷомеа аз сатҳи маърифат, фарҳанг ва шароити зиндагии модарон вобастагии зич дорад. Модар ҳамчун пояи маънавии ҷомеа, дар ташаккули шахсияти комил ва шаҳрвандони фаъол саҳми беназир дорад. Эҳтироми модар на танҳо вазифаи ахлоқӣ, балки уҳдадории шаҳрвандии ҳар як шахс мебошад. Модар на танҳо тарбиятгари фарзанд, балки муаллими нахустини инсонгароӣ ва виҷдони бедори ҷомеа мебошад. Ӯ бо сухани нарм, бо нигоҳи пурмеҳр ва бо сабри беканор дар қалби фарзанд тухми адолат, ростӣ ва ҷавонмардиро мекорад.
Қадри модарро бояд ҳанӯз дар вақти зинда буданаш донист. Бисёр вақт инсон танҳо баъд аз аз даст додани модар арзиши ҳақиқии ӯро дарк мекунад. Аз ин рӯ, ҳар як фарзанд бояд бо сухани нек, рафтори шоиста ва ғамхорӣ модарро шод гардонад.
Кӯмак дар корҳои хона, суханҳои меҳрубонона ин ҳама манбаи ҳикмат ва муҳаббат аст. Ӯ чароғи хонадон, сутуни оила ва раҳнамои зиндагии фарзанд мебошад. Бо муҳаббати самимии худ дилҳоро гарм намуда, ва ба мо ҳамчун роҳнамо роҳи дурусти зиндагиро нишон медиҳад. Ҳар як инсон бояд ифтихор кунад, ки чунин шахси азизу меҳрубонро дорад.
Ҳамин тавр, арҷгузорӣ ва эҳтироми модар бояд дар тамоми сатҳҳои ҷомеа, аз оила то давлат амалӣ гардад, то ки модарон ҳамчун такягоҳи ҷомеа шукӯҳ ва эҳтироми сазовори худро соҳиб шаванд. Танҳо бо ин роҳ метавонем ҷомеаи устувор, мутамаддин ва боахлоќро бунёд намоем.
Дар ин радиф аз фурсати муносиб истифода намуда, дар арафи Рӯзи модарон, кулли занону бонувони кишварро бо ин ҷашни фархунда самимона муборакбод гуфта, барояшон хушбахтиву бурдборӣ, саломативу хонаободӣ, иқболи накӯ ва толеъи баландро хоҳонем.
Рӯзи Модарон муборак бошад!
Маркази матбуоти Агентӣ.