Коррупсия яке аз падидаҳои манфии ҷаҳони муосир ва ҳамчун мушкилоти сатҳи байналмилалӣ арзёбӣ гардида, он аз замонҳои қадим вуҷуд дошта, дар марҳилаҳои таърихии ташаккули ҷомеаи башарӣ дар шаклҳои гуногуни ба шароити замона хос инкишоф ёфтааст.
Тибқи фарзияи мутафакирон коррупсия ҳанӯз дар ҷомеаи ибтидоӣ пайдо гардидааст ва аз замоне, ки хоҷагии ҷамоавӣ - қабилавӣ ба марҳилаи иқтисоди бозоргонӣ қадам гузошт, коррупсия низ ҳамчун падидаи иҷтимоӣ - иқтисодӣ дар ҷомеа мавқеи ибтидоиро ба худ касб кард.
Бо рушд ёфтани муносибатҳои ҷамъиятӣ ва инкишои шууру ақлронии мардум институти давлатдорӣ ба миён омада, пешниҳоди мол ва хизматрасонӣ ба амалдорон, коҳинон ва қозиён марҳилаи сифатан навро ба худ касб карда, тобиши сиёсӣ гирифт.
Дар низоми идоракунии давлатии кишварҳои аввалини ғарбӣ сарчашмаҳои муътабари хаттӣ дарёфт карда шудаанд, ки онҳо ишора ба далели мавҷудияти коррупсия дар он давра шаҳодат медиҳанд.
Аввалин шахсе, ки дар сатҳи давлатдорӣ бо ҷиноятҳои коррупсионӣ мубориза бурдааст, ин дар Бобули Қадим Урукагин, подшоҳи шумерҳои шаҳри (давлати) Лагаш ба ҳисоб меравад. Новобаста аз он, ки шоҳи мазкур дар сатҳи болоӣ бо коррупсия муборизаро ба таври қатъӣ ба роҳ монда буд, вале дар сатҳи поёнӣ ҳанӯз содиршавии ҷиноятҳои коррупсионӣ ҳамчун падидаи муқаррарӣ ба назар мерасид.
Якумин рисолаи таърихие, ки содир гардидани ҷиноятҳои коррупсиониро маҳкум намудааст, ин Артхашастраи Ҳиндустони Қадим ба ҳисоб меравад.
Фиръавнҳои Мисри Қадим низ бо чунин мушкилот рӯ ба рӯ шуданд, ки дар онҳо дастгоҳи азими бюрократии амалдорон ба вуҷуд омада, имкон дод, ки нисбат ба деҳқонони озод, косибон ва ҳатто ашрофони ҳарбӣ беқонунӣ ва худсарӣ эҷод кунанд.
Чуноне ки аз сарчашмаҳои таърихӣ бармеояд, соли 320 пеш аз милод амалдори Юнон Клеомон, ки ӯро Искандари Мақдунӣ масъули таъминоти ғалла таъйин карда буд, даст ба ҷиноят мезанад, ки ин амали ӯ бори аввал дар таърихи ғарб ҳамчун қаллобӣ эътироф гардида, чун амали коррупсионӣ баҳо дода шуд.
Дар Рими қадим зиёда аз 40 намуди порахӯрӣ мавҷуд буд ва дар «Маҷмӯи қонунҳои дувоздаҳ ҷадвал» истилоҳи «corrumpere» ба маънои «бо пул иваз кардани нишондод дар суд» ва «ба судя ришва додан» истифода гардида, барои гирифтани пора ҳукми қатл муқаррар шуда буд.
Қадимтарин маълумот роҷеъ ба масъалаи коррупсия ва муқовимат ба он дар таърихи давлатдории тоҷикон аз давраи шоҳаншоҳии Ҳахоманишиҳо боқӣ мондааст. Давлати Ҳахоманишӣ бар асоси таълимоти ойини зардуштӣ бунёд ёфта буд, ростиву адолатхоҳӣ ва раиятпарварӣ аз фазилатҳои муҳим ва барҷастаи он ба шумор мерафтанд. Пайравӣ ва эътиқод ба таълимоти зардуштӣ ҳахоманишиҳоро ба корнамоиҳои арзишманде дар соҳаҳои ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ҳидояту роҳнамоӣ карда буд.
Дар замони ҳукмронии Куруши Кабир ва Дориюши Кабир масъалаҳои муқовимат ба коррупсия дар қиёс ба мафҳуми фасоди молӣ аз ҷумлаи масъалаҳои муҳими он давр маҳсуб дониста мешуд. Ин буд, ки дар Эъломияи Куруши Кабир ба масъалаҳои озодии фаъолият, дину мазҳаб ва интихоби маҳалли зист диққати аввалиндараҷа дода мешуд.
Дар банди 14-уми Маншури асосгузори давлати Ҳахоманишиҳо Куруши Кабир чунин нигошта шудааст: «Куруш бо ростиву адолат кишварро идора мекард». Дориюши Аввал низ дар Катибаи Бесутун гуфтааст: «… ин ки кардам ба бузургии Аҳурамаздо кардам… тибқи ростӣ рафтор бикардам». Чунин ба назар мерасад, ки эҳтимол ин гуфтаҳо дар фаъолияти зиддикорупсионии шоҳаншоҳии Ҳахоманишиҳо низ то андозае принсипҳои роҳбарикунанда дониста мешуданд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар китоби худ «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ» (с.135) дар бораи низоми идоракунии давлатии Ҳахоманишиён ва таъсири он ба таърихи миллати тоҷик қайд намудаанд: «Қонуни доди шоҳии Ҳахоманишиҳо нишон медиҳад, ки аҷдоди ориёии мо пойбанд будан ба қонунро асли зиндагӣ қарор дода будаанд ва ҳамин хислат дар табиати миллати мо то ҳанӯз боқӣ мондааст. Ҳангоми муқовимати шаҳрвандӣ барои ҳимояи сохти конститутсионӣ бархостани аксарияти мардуми мо ва аз сулҳу салоҳ дифоъ намудани халқи тоҷик шаҳодати равшани сиришти миллии мост, ки хостгори озодию адолат будааст».
Дар замони ислоҳоти давлати Ҳахоманишиён, ки онро Дориюши Кабир анҷом додааст, ба масъалаи пешгирии фасод миёни хизматчиёни ҳарбӣ ва сатрапҳо (ҳокимони вилоятҳо) диққати махсус зоҳир карда мешуд.
Минбаъд дар марҳилаҳои баъдии ташаккули таърихии халқи тоҷик аз ҷумла, дар давраи Тоҳириёну Саффориён ва давлати абарқудрати Сомониён андешидани чораҳои муқовимат ба коррупсия аз нигоҳи шаръӣ маҳкум карда шуда, ҷазои сангинро нисбат ба афроди содиркунандаи чунин кирдорҳо раво дониста мешуд.
Бо мураккаб гардидани низоми идоракунии давлат даст ба амалҳои коррупсионӣ задани қозиҳо боиси нигаронии хосаро ба бор оварда буд, зеро он боиси азнавтақсимкуниии ғайриқонунии амвол ва хоҳиши берун аз чаҳорчӯби қонунӣ ҳал кардани баҳсҳо мегардид.
Мафҳуми «коррупсия» (аз лот.corruptio - вайрон кардан, харида гирифтан) дар ибтидо амалҳои ашхосеро, ки ҳадафашон вайрон сохтан, халал расонидан ба рафти мӯътадили мурофиаи судӣ ё раванди идоракунӣ ба корҳои ҷомеа буд, ифода мекард. Минбаъд зери мафҳуми «коррупсия» харидани шахсони мансабдор, фурӯхташавандагии амалдорон, истифодаи имкониятҳои хидматӣ ба манфиатҳои шахсӣ фаҳмида мешуд.
Гузашта аз ин, дар китобҳои муқаддаси динӣ низ гирифтану додани пора ба истилоҳ «ришва» қатъиян маҳкум карда шудааст. Аз ҷумла дар китобҳои муқаддаси насрониёну яҳудиён ва мусалмонон, аз қабили Таврот, Инҷил ва Қуръони Карим омадааст:
«Тӯҳфаҳо напазиред, зеро ҳадяҳо дидагонро кӯр мекунанд ва кори ҳақро гардон мекунад».
«...Ман медонам, ки ҷиноятҳои шумо то чӣ андоза зиёд аст ва гуноҳҳои шумо то чӣ андоза вазнин аст: ба ҳақ зулм мекунед, пора мегиред ва гадоеро, ки аз дасти мардум адолат меҷӯяд, аз дарвозаҳо меронед.»
«Моли якдигарро ба ҳаром нахӯред ва ба қозиҳо ришва надиҳед, то як қисми моли мардумро ноҳақ аз худ бигиред, дар ҳоле ки бидонед, ки бо ин гуноҳ содир мекунед». (Бақара: 188).
Масъалаи мубориза бо коррупсия дар афкори олимони шинохтаи ҷаҳон низ дарҷ гардидааст. Аз ҷумла, дар масъалаи майл ба порахӯрӣ доштани мансабдорон ва роҳи пешгирии он файласуфи юнонӣ Арасту қайд менамояд, ки шахсони мансабдор «ба татмеъ кардан (ба харидан бо ришва) дастрасанд ва бисёр вақт корҳои давлатиро қурбони вақтхушии худ мекунанд. Бинобар ин беҳтар мебуд агар онҳо аз ҳар навъи назорат озод намебуданд».
Барои фаҳмидани коррупсия як такони муҳимро асарҳои Никколо Макиавелли медиҳанд. Вай фасодро ба як беморӣ, ба мисли саратон муқоиса кардааст. Дар аввал эътироф кардан душвор аст, аммо табобаташ осонтар аст. Агар беэътиноӣ карда шавад, шинохтан осон, табобаташ душвор аст.
Дар «Ғиёс-ул-луғот»-и Муҳаммад Ғиёсуддин чунин омадааст: «Ришват - он чӣ ба касе диҳанд, то корсозии баноҳақ кунад ва дар Форси қадим онро пора гӯянд».
Дар баробари таҳаввулоти давлатдории инсоният мубориза бо коррупсия низ яке масъалаҳои ҳалталаб боқӣ монд. Аз охири асри 18 сар карда, дар Ғарб дар муносибати ҷомеа ба фасод як табуддулоти кулиеро ба амал овард. Ислоҳоти либералӣ таҳти шиори он сурат гирифт, ки ҳокимияти давлатӣ ба манфиати мардум фаъолият намуда, танҳо дар сурати аз ҷониби мансабдорон риоя гардидани қонунҳо ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳукуматро дастгирӣ мекунанд. Аз ҷумла, тибқи Қонуни асосии ИМА, ки соли 1787 қабул шудааст, гирифтани ришва ҳамчун асос барои импичмент эълон кардани раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида гардид. Ин ислоҳот ба ҷомеъаи шаҳрвандӣ имкон дод, то ки дар идоракунии давлатӣ таъсири худро расонад.
Воқеан коррупсия аз ҷониби омма ҳамчун падидаи манфур эътироф гардидааст ва мубориза бо он тӯли таърих инсониятро ҳамроҳӣ намуда, таъсири манфии он тамоми соҳаҳои ҷомеаро фаро гирифтааст. Марҳилаи нави таҳаввулоти коррупсия дар кишварҳои пешрафта марҳилаи асрҳои 19 ва 20 буд.
Дар нимаи дуюми асри 20 коррупсия хусусияти байналмилалиро касб намуда, он на танҳо ба як давлат балки дар шароити муносибатҳои хориҷӣ ба рушди бисёр кишварҳо таъсири манфии худро мерасонид. Бинобар ин, давлатҳои ҷаҳонро зарур омад, ки як санади байналмилалиро дар самти муқовимат ба коррупсия қабул намуда, муносибатҳои байни давлатҳоро дар доираи он ба танзим дарорад. Дар ин замина соли 2003 Конвенсияи Созмони Миллали Муттаҳид зидди коррупсия қабул гардид, ки то имрӯз он ҳамчун санади меъёрии байналмилалӣ дар самти муқовимат ба коррупсия мавриди амал қарор дорад.
Дар пешгуфтори Конвенсияи СММ зидди коррупсия омадааст, ки «Коррупсия кайҳо масъалаи минтақавӣ набуда, балки ба як падидаи фаромиллӣ мубаддал гаштааст, ки ба ҷомеа ва иқтисодиёти ҳамаи кишварҳо дахолат мекунад. Бо назардошти он, ки пешгирӣ ва решакан кардани коррупсия - ин вазифаи ҳамаи давлатҳост, онҳо уҳдадоранд барои таъмини самаранокии кӯшишҳои худ дар ин самт бо ҳамдигар дар ҳамбастагию дастгирӣ, иштироки ҷомеаи шаҳрвандӣ, ташкилот ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ҳамкорӣ намоянд».
Дар таърихи 9 - уми декабри соли 2003 дар Конфронси сатҳи баланд дар шаҳри Мерридаи Мексика Конвенсияи СММ зидди коррупсия бори аввал барои имзо гузоштан аз ҷониби кишварҳои олам боз гардид ва ин сана шурӯъ ҳамон сол ҳамчун «Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди коррупсия» шинохта шуд.
Муқовимат ба коррупсия яке аз авлавиятҳои муҳими сиёсати давлатӣ дар Тоҷикистон арзёбӣ гардида, дар ин ҷода, мақоми махсусгардонидашудаи зиддикоррупсионӣ таъсис дода шуда, зиёда аз 20 санади меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи самти муқовимат ба коррупсия ба тасвиб расонида шуда, вазифа ва уҳдадории мақомоти давлатӣ дар самти амалигардонии сиёсати зиддикоррупсионии Ҳукумати кишвар муқаррар гардидааст.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бо эътироф аз ин санаи таърихӣ дар вазорату идораҳо, муассисаю корхонаҳо ва ташкилотҳо атрофи ин мавзӯъ мулоқоту вохӯриҳо, семинару конфронсҳо ва ҳамоишҳо ташкилу баргузор карда мешаванд. Ин санаи муҳим моро водор месозад, ки ба хотири пешрафту инкишофи давлати азизамон атрофи масъалаи пешгирӣ ва муқовимат ба коррупсия боз ҳам муттаҳид гардем. Ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии ҳуқуқии шаҳрвандон, ҷалби бештари қишрҳои ҷомеа, истифодаи маҷмӯи воситаву усулҳои муосир дар мубориза бар зидди коррупсия тамоми кӯшишу имкониятҳои худро равона созем.
Дар ин замина баҳри ташаккули тафаккури зиддикоррупсионии ҳар як фарди ҷомеа кӯшиш ба харҷ дода, баҳри паст намудани таъсири коррупсия саҳми худро гузорем.
Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди коррупсия муборак бошад, ҳамватанони азиз!
Маркази матбуоти Агентӣ.