Конститутсия яке аз арзишҳои бунёдӣ ва қонуни асосии ҳар як давлат ба ҳисоб рафта, дар асоси он тамоми дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул карда мешаванд. Дар ин замина дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ баъди ба даст овардани истиқлолият 6 ноябри соли 1994 бо ташаббуси бевоситаи поягузор ва эъмори воқеии давлати соҳибихтиёри Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бори нахуст ба твари райъпурсии умумихалқӣ қабул карда шуд.
Бо ин санади тақдирсоз ба ҷаҳониён эълон гардид, ки Тоҷикистон қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, худро дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда масъул ва вазифадор шуморида, соҳибихтиёрии давлати худ ва рушду камоли онро таъмин намуда, озодӣ ва ҳуқуқи шахсро муқаддас дониста, баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф карда, бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ меҳисобад.
Мо дар арафаи ҷашни 31 - умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем. Ин ҷашн дар қатори Истиқлоли давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ барои миллат ва давлатамон, азизу муқаддас мебошад. Зеро, Конститутсия дурнамо, равиши асосӣ ва стратегияи инкишофи рушди сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ҳуқуқии давлатамонро муайян менамояд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи нишонаҳои давлати ҳуқуқбунёд, ба монанди арзиши олӣ доштани ҳуқуқу озодии инсон ва шаҳрванд, инчунин кафолати он, бартарии ҳуқуқ ва волоияти қонун, масъулияти тарафайни давлату шахс, низоми таҷзия ва ба ҳам таъсиррасонии шохаи ҳокимияти давлатиро (қонунгузор, иҷроия ва судӣ) инъикос ва меъёран мустаҳкам кардааст.
Қайд кардан ҷоиз аст, ки дар таҳия ва қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон басо назаррас буда, ташкил ва гузаронидани Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар он ба ҳайси Раиси Шӯрои Олӣ интихоб шудани Эмомалӣ Раҳмон барои барқарор намудани институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва амалисозии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар ҷомеа ва минбаъд қабул гаштани Конститутсия заминаи муҳим гузошт.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муроҷиатномаи худ ба мардуми шарифи Тоҷикистон 12 декабри соли 1992 иброз доштанд, ки «сарчашмаи қонунҳои Тоҷикистонро нав карда, онро бо назардошти меъёрҳои байналхалқӣ такмил дода, барои бунёди давлати демократии ҳуқуқбунёд замина гузоштан лозим аст».
Аз ин рӯ, асосгузори низоми ҳуқуқи миллӣ эътироф кардани Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон асоси воқеӣ дорад.
Ёдовар мешавем, ки дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ бо қабули Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эълон гардида, Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ ҳамчун рамзҳои давлатӣ, халқ - баёнгари сарчашмаи ягонаи ҳокимият, инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ - арзиши олӣ ва забони тоҷикӣ чун забони давлатӣ муқаррар карда шуд.
Имрӯз бо шарофати Конститутсия ҷомеаи ҷаҳонӣ Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва пешбарандаи сиёсати сулҳҷӯёна мешиносаду эътироф менамояд, ки ин мояи ифтихор ва сарфарозии тамоми халқи шарафманди тоҷик мебошад.
Айни ҳол Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун дурнамои пешрафти халқу давлати Тоҷикистон хизмат намуда, яке аз вазифаҳои асосии он таъмини пойдории сулҳ дар Тоҷикистон ва бунёди ҷомеаи адолатпарвар мебошад.
«Бо қабули Конститутсия дар инкишофи давлатдории Тоҷикистон марҳалаи нави таърихӣ оғоз гардид ва он моро ба дигаргуниҳои азими сиёсиву ҳуқуқӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва созандагиву бунёдкорӣ роҳнамоӣ кард», таъкид кардаанд, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Сиёсати пешгирифтаи байналмилалӣ дар моддаи 11 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикос ёфта, тибқи он Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибатҳои хориҷии хешро ба воситаи принсипҳои асосии ҳуқуқи байналмилалӣ муайян менамояд. Эҳтироми ҳуқуқ ва озодии инсонро Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаддас шуморида, риоя ва ҳифзи онро дар қаламрави хеш таъмин мекунад. Зарурати таҷассуми принсипҳои асосии ҳуқуқи байналхалқӣ дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он зоҳир мешавад, ки Тоҷикистон ба ҳайси як субъекти комилҳуқуқи байналмилалӣ эътироф шудааст.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон бо сиёсати хориҷии сулҳҷӯёнаи худ ба ҳайси шарики боэътимоду хайрхоҳ дар арсаи байналмилалӣ мақому манзалати шоиста пайдо намуда, ба ҳайси яке аз кишварҳои ташаббускор дар ҳалли як қатор мушкилоти глобалӣ, бахусус, масоили мубрами амният, обу энергетика, ҳифзи муҳити зист ва тағйирёбии иқлим эътироф гардидааст.
Меъёрҳои инсондӯстонаи Конститутсияи навин, сиёсати пешгирифтаи сулҳҷӯёна ба ташаббусҳои созандаи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ асос гардид, ки халқу давлати тоҷик ҳамчун мардуми сулҳпарвар дар арсаи ҷаҳонӣ шинохта шавад.
Таҳкурсии асосии ҳар як конститутсияро андешаи миллӣ ва майлу иродаи мардум оид ба сохти давлатдорӣ ва моҳияти ҳокимият ташкил медиҳад, ки ин ҳама аз истиқлолият ва соҳибихтиёрии давлат сарчашма мегирад.
Озодии интихоб ва раъйи ягонаи мардуми кишварамон имрӯз бо эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ асоси мустаҳкам гузоштааст.
Ҳадафи асосиву ниҳоии давлат ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳифзу кафолати ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагӣ барои ҳар як фард ва фаъолияти озоди иқтисодӣ мебошад.
Айни замон ин меъёрҳо баёнгари моҳият ва мазмуни демократии Конститутсия ва мавҷудияти низоми демократии сиёсиву иҷтимоӣ дар Тоҷикистон маҳсуб меёбанд.
Маврид ба зикр аст, ки аз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии миллӣ сарчашма гирифта, онҳо барои пешрафт ва рушди давлати муосири тоҷикон мусоидат менамоянд.
Ҳамзамон, дар асоси принсипҳо, меъёрҳо, механизмҳо ва муқаррароти Конститутсия рушд ёфтани давлатдории навини тоҷикон бақои миллат ва кафолати пойдории давлатамон мебошад. Чунки шарти асосии шукуфоӣ ва пешрафти минбаъдаи кишвар эҳтироми Конститутсия ва қонунҳо, таҳкими қонуният, садоқату вафодорӣ ба Ватани аҷдодӣ ва заҳмати содиқонаву софдилонаи ҳар яки мову Шумо баҳри ободии он дониста мешавад.
Бо назардошти ҳамаи ин гуфтаҳо насли имрӯзу оянда ва махсусан ҷавононро зарур аст, ки ба қадри сулҳу осоиштагӣ, ваҳдату ягонагӣ ва озодию истиқлоли миллии дар Конститутсия эълонгашта расида, дар кору пайкори ҳаррӯзаамон қоидаҳои муқарраркардаи Конститутсияи кишварро ба роҳбарӣ гирифта, баҳри ободии кишвар ва ҳифзи истиқлолу якпорчагии он ҳаматарафа талош варзем.
Инчунин, мо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вазифаи муқаддасу ҷонии худро дар ҳифзу эҳтиром ва назорати риояи бечунучарои меъёрҳои конститутсионӣ ва қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистони соҳибихтиёру соҳибистиқлол мебинем.
Дар ҳошияи ин гуфтаҳо, ҳамаи шаҳрвандони Ватани азизамонро ба муносибати 31-умин солгарди қабули Конститутсияи Тоҷикистони азизамон, ки сароғози давлату давлатдории навини мо ва бахтномаи миллат ба шумор меравад, табрику таҳният намуда, осоиштагӣ, осмони софу беғубор ва ба Ватани маҳбубамон сулҳу ободии ҷовидонаро таманно дорем!
Маркази матбуоти Агентӣ.