Мусаллам аст, ки коррупсия дар роҳи рушди устувори иқтисодиву иҷтимоии мамлакат монеаи ҷиддӣ эҷод карда, боварии ҷамъиятро нисбат ба давлат ва воҳидҳои таркибии он коста менамояд ва боиси поймолшавии ҳуқуқи инсон ва заиф гаштани асосҳои ахлоқии ҷомеа мегардад. Аз ҳама муҳим, коррупсия яке аз унсурҳои асосии таҳдидкунанда ба амнияти миллӣ маҳсуб ёфта, суботу оромии ҷомеаро халалдор мекунад. Дар замони имрӯза ягон кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз хавфу хатари ин зуҳуроти номатлуб эмин намебошад.
Аз ин лиҳоз, масъалаи муқовимат ба коррупсия дар меҳвари сиёсати дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, мо шоҳиди онем, ки Ҳукумати мамлакат аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ пайваста амалигардонии як қатор чораҳои мақсаднокро алайҳи ин падидаи номатлуб роҳандозӣ намуда истодааст.
Аз ҷумла, баъди ба имзо расонидани Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди коррупсия, ки ба соли 2006 - ум рост меояд, бо мақсади расман вусъат бахшидани муборизаи низомнок ва ҳамоҳангшуда бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳо, ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта, таъмини шаффофият ва такмили фаъолияти назорати давлатии молиявӣ, бо ташаббуси бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 10 январи соли 2007 мақомоти махсусгардонидашудаи мубориза бо коррупсия, яъне Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.
Боиси ифтихору сарфарозист, ки таъсисёбӣ ва ташаккули мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун сохтори давлатӣ натиҷаи соҳибистиқлолии кишвари азизамон ва пештар аз ҳама, ташаббуси бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб меёбад.
Қобили қайд аст, ки таъсиси Агентӣ қадами устувор ва яке аз дастовардҳои муҳимми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба коррупсия ба шумор рафта, фаъолияти он ҳамчун мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва ҳифзи ҳуқуқ бо заҳмату талошҳои шабонарӯзии кормандони ин ниҳод дар низоми давлатдории кишварамон пурсамар арзёбӣ мегардад.
Инак, имрӯзҳо мо дар арафаи 19 - умин солгарди Рӯзи таъсисёбии ниҳоде, ки воқеан дар муддати начандон тулонӣ, дар ҷодаи мубориза бар зидди коррупсия, таъмини амнияти иқтисодии давлат, ғанӣ гардонидани буҷети кишвар, таъмини қонуният ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар низоми дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ нуфузу эътибори хосаи худро дорад, қарор дорем.
Бе шубҳа метавон гуфт, ки таъсиси чунин мақомоти махсусгардонидашуда ва дар муддати кӯтоҳ фароҳам овардани тамоми заминаҳои ташкилию ҳуқуқии он, нишонаи сиёсати қатъӣ ва боисрори зиддикоррупсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи паст намудани шиддати ин зуҳуроти номатлуб маҳсуб меёбад.
Зеро ки амалҳои коррупсионӣ хеле хатарнок буда, аз хурд то калон, ба ҷамъият ва давлат зарари моддӣ ва ҳам маънавӣ мерасонад ва барои боло рафтани иқтисодиёту беҳтар гардидани ҳаёти шаҳрвандони кишвар монеаи ҷиддӣ эҷод мекунад.
Аз ин рӯ, бо дарназардошти талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалӣ ва таҷрибаи давлатҳои дар самти муқовимат ба коррупсия пешсаф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис додани Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақсад мувофиқ ва айни муддао дониста мешавад.
Зимнан ҷиҳати ба танзим даровардани фаъолияти ин мақомот 20 марти соли 2008 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид, ки он вазъи ҳуқуқӣ, низом, сохтор ва ташкили фаъолияти Агентиро муқаррар менамояд.
Тибқи моддаи 1 Қонуни мазкур Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти ваколатдори назорати давлатии молиявӣ ва ҳифзи ҳуқуқ буда, назорати давлатии молиявиро оид ба истифодаи самарабахши маблағҳои давлатӣ ва молу мулки давлатӣ барои таъмини амнияти иқтисодии давлат, бо роҳи огоҳсозӣ, пешгирӣ, ошкорсозӣ, рафъи ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, таҳқиқ ва тафтиши пешакии ҷиноятҳои коррупсионӣ, иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ва ҷиноятҳои ба андоз алоқаманд ва иҷрои дигар вазифаҳоро, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидаанд, анҷом медиҳад.
Маврид ба зикр аст, ки Агентӣ дар татбиқи сиёсати зиддикоррупсионии Ҳукумати мамлакат ҳамчун субъекти асосии муборизабаранда нақши калидию ҳалкунанда ва ҳамоҳангсозандаро дошта, ҷиҳати амалӣ намудани ин рисолат дорои тамоми ваколатҳои зарурии бо қонун пешбинишуда мебошад.
Нишондиҳандаҳои фаъолияти мақомоти Агентӣ, ки ҳамасола мавриди таҳлилу ҷамъбаст қарор дода мешаванд, собит менамоянд, ки ин ниҳод аз ӯҳдаи иҷрои вазифаву масъулияти бар зиммааш вогузоргардида бо сарбаландӣ баромада, дар таъмини амалишавии сиёсати зиддикоррупсонии кишвар ва мустаҳкам намудани пояҳои иқтисодии мамлакат нақши созгор дорад.
Кормандони мақомот оид ба таъмини истифодаи самараноки маблағу амволи давлатӣ, пешгирӣ, ошкорсозӣ, рафъи ҳуқуқвайронкуниҳо, тафтиши пешакии ҷиноятҳои коррупсионӣ ва иқтисодии хусусияти коррупсионидошта, ҳамзамон бартараф намудани сабабу шароитҳои ба содиршавии онҳо мусоидаткунанда мунтазам тадбирҳои муассир андешида, дар давоми фаъолияти худ зина ба зина ба натиҷаҳои назарраси хизматӣ ноил гашта истодаанд.
Таърихи таъсис ва ташаккулёбии мақомоти Агентӣ нишон медиҳад, ки ҷиҳати фаъолияти самараноки ин мақомоти ҷавон, мустаҳкам намудани пояҳои ташкилию ҳуқуқӣ ва таъминотии он аз ҷониби Ҳукумати мамлакат, хусусан Президенти кишвар, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ғамхориҳои зиёд зоҳир карда мешавад.
Чунончи, ҷиҳати фароҳам овардани мустақилияти зарурӣ ба ин ниҳоди навтаъсис, ки то тавонад вазифа ва уҳдадориҳои худро самаранок ва бе ягон таъсири номатлуб иҷро намояд, аҳамияти махсус дода, дар давраи амали он беш аз 20 адад санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз қабили қонунҳо, барномаю стратегияҳои зиддикоррупсионӣ таҳия, тасдиқ ва қабул карда шуданд.
Ҳамзамон, бо мақсади фароҳам овардани шароитҳои мусоиди корию хизматӣ ва маишию варзишӣ тамоми воҳидҳои маҳаллию минтақавии мақомот бо биноҳои хизматӣ таъмин гардида, гузашта аз ин, соли 2019 дар маркази шаҳри Душанбе барои кормандони дастгоҳи марказӣ, соли 2020 барои кормандони шуъбаи минтақавии Агентӣ дар водии Зарафшон, солҳои 2024 ва 2025 барои кормандони раёсати Агентӣ дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Рашт ва шуъбаи минтақавии Агентӣ дар шаҳру ноҳияҳои водии Ҳисор бо тамоми шароитҳои корӣ сохта ва ба истифода дода шудани биноҳои зебою барҳаво, шаҳодати ғамхориву дастгириҳои ҳамешагӣ аз ҷониби Президенти мамлакат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Ҷавобан ба ин дастгириҳои ҳамешагии Ҳукумати мамлакат, бахусус ғамхориҳои пайвастаи Сарвари давлат кормандони Агентиро зарур аст, ки тамоми қувва ва донишу малакаи худро ҷиҳати иҷрои содиқонаи вазифаҳои хизматӣ баҳри ҳифзи манфиатҳои иқтисодии давлат, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, тақвияти муқовимати дастаҷамъона ҷиҳати паст намудани шиддати омилҳои коррупсионӣ равона намоянд.
Қобили қайд аст, ки имрӯзҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар натиҷаи тақвияти сиёсати зиддикоррупсионӣ ва фароҳам овардани заминаҳои мусоид барои муқовимати самаранок ба ин зуҳуроти номатлуб муваффақиятҳои зиёд ба даст овардааст.
Бо боварии комил метавон гуфт, ки чораҳои зиддикоррупсионии ҳоло дар кишвар татбиқшаванда марҳила ба марҳила барои паст кардани шиддати коррупсия кӯмак расонида, барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷиҳати муқовимат ба ин падидаи зараровар шароити мусоид фароҳам меоварад ва тафаккури мардумро нисбат ба ин зуҳуроти номатлуб ба куллӣ тағйир медиҳад.
Дар ин замина ҳамаи кормандони Агентиро бо «Рӯзи кормандони мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия» табрику таҳният гуфта, дар иҷрои сарбаландонаи вазифаҳои пурмасъул бурдбориҳо ва муваффақиятҳои беназирро хоҳонем.
Маркази матбуоти Агентӣ.