30 январи соли 2026 дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун бобати шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Рашт бо роҳбарони муассисаву ташкилот ва сокини шаҳри Роғун вохӯрии судманд гузаронида шуд.
Зикр гардид, ки ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои миллати сарбаланди тоҷик воқеаи хурсандибахш маҳсуб меёбад. Зеро он фарогири дастоварду комёбиҳои назаррасӣ мамлакат дар соли сипаришуда ва мақсаду ҳадафҳои нави ояндасоз барои солҳои минбаъда мебошад.
Ҳамзамон, дар рафти вохӯрӣ маърӯзачиён дар баробари шарҳи нуқтаҳои Паём, инчунин вобаста ба сиёсати зиддикоррупсионии кишвар, пешгирии қонунвайронкуниҳо дар байни ноболиғону ҷавонон ва амалҳои террористиву экстремистӣ, шомилшавии шаҳрвандон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои тундгарову ифротӣ ва дигар масъалаҳои мубрами рўз ибрози андеша намуданд.
Маркази матбуоти Агентӣ