2 сентябри соли 2025 бо ташаббуси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият ва сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказии Вазорат, роҳбарият ва шахсони масъули хадамотҳои назорати давлатии тандурустӣ, санитарию эпидемиологӣ, Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, марказҳои ҷумҳуриявии Вазорат, раёсатҳои тандурустии ВМКБ, вилоятҳои Хатлон, Суғд ва шаҳри Душанбе ва дигар масъулини зерсохторҳои Вазорат дар мавзӯӣ «Муқовимат ба коррупсия дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ: мушкилот ва чораҳои пешгирии ин падидаи номатлуб» вохӯрӣ баргузор карда шуд.

Дар чорабинии мазкур намояндагони Агентӣ бо маърӯза баромад намуда, оид ба роҳҳои мубориза алайҳи зуҳуроти коррупсия дар соҳаи тандурустӣ, пешгирии содиршавии амалҳои коррупсионӣ байни кормандони соҳа, оқибатҳои даст задан ба амалҳои ришваситонӣ ва хисороту хислатҳои манфии ин зуҳурот ба соҳаи тандурустӣ баромад намуда, зимнан ба иштирокчиён вобаста ба талаботи қонунгузорӣ ва барномаҳои давлатии зиддикоррупсионӣ маълумоти муфассал манзур гардид.

Дар фарҷоми вохурӣ аз ҳозирин даъват ба амал оварда шуд, ки зимни иҷрои уҳдадориҳои хизматӣ бо дасту дили пок ба халқу Ватани азизамон хизмат намуда, аз содир намудани ҳама гуна кирдорҳои коррупсионӣ худдорӣ намоянд.

Дар маҷмӯъ чорабинии болозикр дар фазои зиддикоррупсионӣ гузаронида шуда, ба итминон метавон гуфт, ки натиҷаҳои он таъсири мусбии худро ҷиҳати дар соҳаи тандурустӣ ба вуҷуд овардани муносибати оштинопазир ба падидаи коррупсия ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии иштирокчиён заминаи мусоид фароҳам меоварад.

Маркази матбуоти Агентӣ