12-уми сентябри соли 2025 бо ташаббуси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият, сардорони раёсату шуъбаҳо ва ҳайати профессорону омӯзгорони Донишгоҳ вохӯрии судманд дар мавзӯи «Муқовимат ба коррупсия дар соҳаи маориф ва илм: мушкилот, дурнамо ва роҳҳои ҳалли он» баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур намояндагони Агентӣ бо маърӯза баромад намуда, оид ба роҳҳои мубориза алайҳи зуҳуроти коррупсия дар соҳаи маориф ва илм, тадбирҳои пешгирии коррупсионӣ дар байни кормандони соҳа, оқибатҳои даст задан ба амалҳои ришваситонӣ ва хисороту хислатҳои манфии ин зуҳурот баромад намуда, зимнан ба иштирокчиён талаботи қонунгузорӣ ва барномаҳои давлатии зиддикоррупсионӣ маълумоти муфассал манзур карда шуд.

Дар маҷмӯъ чорабинӣ дар фазои зиддикоррупсионӣ сурат гирифта, ба итминон метавон гуфт, ки натиҷаҳои он таъсири мусбии худро ҷиҳати дар соҳаи маориф ва илм ба вуҷуд овардани муносибати оштинопазир ба падидаи коррупсия ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии иштирокчиён мерасонад.

Маркази матбуоти Агентӣ