Моҳи феврали соли ҷорӣ бо ташаббуси раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб бо аъзоёни комиссияҳои даъватии ҳарбӣ, кормандони комиссариатҳои ҳарбӣ, мизҳои ҳарбии ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Данғара, Фархор ва Шамсиддин Шоҳин вохўриҳои судманд баргузор карда шуд.
Чорабиниҳои мазкур бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии сокинон ва ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба масоили муқовимат ба коррупсия гузаронида шуда, дар рафти он аз тарафи масъулини Агентӣ муҳтавои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадориҳои ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ», «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» ва Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 фаҳмонида дода шуд.
Дар ин раванд, аз иштирокчиён даъват ба амал оварда шуд, ки иҷрои вазифаҳои хизматии худро баҳри ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, тақвияти муқовимати дастаҷамъона ҷиҳати паст кардани шиддати коррупсия дар соҳаи хизмати ҳарбӣ мунтазам равона намуда, дар пешрафту шукуфоии Ватани азизамон саҳмгузор бошанд.
Маркази матбуоти Агентӣ