Моҳи марти соли ҷорӣ бо ташаббуси раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтар бо мақсади баланд бардоштани фарҳанги зиддикоррупсионӣ дар қисмҳои ҳарбии Қушнҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои вилояти Хатлон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон вохӯриҳо баргузор карда шуд, ки дар рафти он ҳайати васеи кормандони соҳаҳои гуногун ширкат варзиданд.
Дар чорабиниҳо кормандони Агентӣ бо маърӯза баромад намуда, таҳлили қонунгузорӣ ва барномаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба коррупсия, вазъи ошкор ва баррасии қонуншиканиҳои коррупсионӣ ва ҷавобгарӣ барои онҳо, инчунин роҳҳои пешгирии содиршавии ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсиониро зимни даъват ба хизмати ҳарбӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар маҷмӯъ чорабиниҳо дар руҳияи зиддикоррупсионӣ сурат гирифта, ҳадаф аз баргузории чунин чорабиниҳо ин пеш аз ҳама баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии иштирокчиён ва ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба масоили муқовимат ба коррупсия арзёбӣ мегардад.
Маркази матбуоти Агентӣ