Моҳи феврали соли 2026 бо ташаббуси раёсату шуъбаҳои маҳалливу минтақавии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани фарҳанги зиддикоррупсионӣ дар муассисаҳои ҳудуди шаҳрҳои Душанбе, Панҷакент, Бохтар ва ноҳияи Шуғнони ВМКБ конференсия, семинар ва вохӯриҳо ташкилу баргузор карда шуд, ки дар рафти он ҳайати васеи кормандони соҳаҳои гуногун, фаъолони ҷамъиятӣ ва сокинон ширкат варзиданд.

Дар чорабиниҳои барпошуда кормандони мақомот бо маърӯзаҳо баромад карда, роҷеъ ба қонунгузорӣ ва барномаҳои давлатии зиддикоррупсионӣ, оқибатҳои ногувори даст задан ба қонуншиканиҳои ба коррупсия алоқаманд ва ҷавобгарӣ барои онҳо, инчунин роҳҳои пешгирии содиршавии ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ ва дигар масъалаҳои марбутро мавриди муҳокимаронӣ қарор доданд.

Ҳамзамон, дар доираи чорабиниҳо аз тарафи иштирокчиён роҷеъ ба нуқтаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ба Маҷлиси Олии Ҷуҳурии Тоҷикистон, хатари шомилшавии шаҳрвандон ба гурӯҳҳои террористию экстремистӣ, пешгирии истеъмоли маводи мухаддир байни ҷавонон, истифодаи оқилонаи нерӯи барқ ва дигар масъалаҳои мубрам баромадҳои пурмуҳтаво иро карда шуд.

Маркази матбуоти Агентӣ