3 марти соли 2026 дар Корхонаи воҳиди давлатии бонки саноативу содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк» бо ташаббуси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи: «Мазмун ва моҳияти Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» бо иштироки доираи васеи кормандони бонк семинари омӯзишӣ доир гардид.
Зимни баргузории чорабинӣ ба иштирокчиён мазмуну моҳияти ҳуҷҷатҳои стратегӣ дар самти муқовимат ба коррупсия, раванди дурусти амалигардонии бандҳои дахлдори Нақшаи чорабиниҳои он, тадбирҳои оянда дар ин самт, роҳу усулҳои муосири муқовимат ба коррупсия ва пешгирии содиршавии ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия мусоидаткунанда фаҳмонида дода шуд.
Дар фарҷом аз ҳозирин даъват ба амал оварда шуд, ки дар паст намудани шиддати коррупсия, бартараф намудани сабабу шароитҳои ба ин зуҳуроти номатлуб мусоидаткунанда ва дар маҷмӯъ дар роҳи амалӣ намудани сиёсати зиддикоррупсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳмгузор бошанд.
Маркази матбуоти Агентӣ