Муқовимат ба коррупсия дар соҳаи тандурустӣ – кафилии солимии аҳолӣ
Таҳти ин унвон 2 июни соли 2025 бо ташаббуси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори калони маҷлисгоҳи Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохурӣ доир карда шуд.
Дар чорабинии мазкур намояндагони Агентӣ бо маърӯза баромад карда, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барномаҳои давлатии зиддикоррупсиониро мавриди баррасӣ қарор доданд. Таъкид гардид, ки коррупсия дар соҳаи тандурустӣ ба дастрасии ёрии тиббии ройгони давлатӣ монеа эҷод карда, ба саломатии аҳолӣ, пешгирии бемориҳо ва шаффофияти хизматрасонии тиббӣ халал мерасонад. Иштирокчиёнро даъват намуданд, ки тавассути баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии зиддикоррупсионӣ аз амалҳои коррупсионӣ худдорӣ намуда, қонунҳои соҳавиро дар самти муқовимат ба коррупсия дар фаъолияташон қатъиян риоя намоянд.
Дар маҷмӯъ чорабинӣ дар фазои зиддикоррупсионӣ сурат гирифта, ба итминон метавон гуфт, ки натиҷаҳои он таъсири мусбии худро ҷиҳати дар ҷомеа ба вуҷуд овардани муносибати оштинопазир ба падидаи коррупсия ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии иштирокчиён нақши муҳим мерасонад.

Маркази матбуоти Агентӣ