8 октябри соли 2025 дар шаҳри Куала-Лумпури Малайзия бо ташаббуси Академияи мубориза бо коррупсияи Малайзия даври омӯзишии «Курси сертификатсионӣ барои коршиносонӣ идоракунии стратегии барномаи зиддикоррупсионӣ» оғоз гардид, ки дар он масъулини Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок доранд.
Даври омӯзишии мазкур то санаи 17 октябри соли ҷорӣ идома ёфта, фазои мусоид барои такмили донишҳои назариявӣ ва амалии кормандони мақомот дар самти муқовимат ба коррупсия дониста мешавад.
Зимнан, дар он масъалаҳои муайян намудани сабабу шароитҳои мусоидаткунанда ба содиршавии кирдорҳои коррупсионӣ, таъсири манфии он ба некӯаҳволии ҷомеа, тақвияти донишҳои техникӣ ва малакаҳо роҷеъ ба пешгирӣ, ошкоркунӣ, таҳқиқу тафтиши кирдорҳои коррупсионӣ, таълиму тарбияи зиддикоррупсионии ҷомеа ва мубодилаи таҷрибаҳои беҳтарини минтақа дар ин самт ба иштирокчиён омӯзонида мешавад.
Дар маҷмӯъ даври омӯзишӣ дар фазои илмиву мубоҳисавӣ идома ёфта, бо итиминони комил метавон гуфт, ки масъулини Агентӣ донишу таҷрибаи андухтаи худро минбаъд дар фаъолияти хизматиашон самаранок истифода хоҳанд бурд.
Маркази матбуоти Агентӣ