Дар идомаи Нақша – чорабиниҳои Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба масоили муқовимат ба коррупсия, баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии аҳолӣ ва ба ин васила паст кардани шиддати коррупсия моҳи марти соли 2026 дар як қатор вазорату идораҳо ва муассисаҳои давлатӣ чорабиниҳои таблиғотии зиддикоррупсионӣ баргузор карда шуд, ки дар рафти он доираи васеи хизматчиёни давлатӣ ва сокинони шаҳру ноҳияҳо ширкат варзиданд.

Аз ҷумла чунин чорабиниҳо дар комиссариятҳои шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, Шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ-1, сокинони маҳаллаи Гулбутта ва Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №129 ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, инчунин МДТ «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» ва ҶДММ «Бозори Корвон» гузаронида шуданд.

Дар маҷмӯъ чорабиниҳои зикршуда дар фазои руҳияи зиддикоррупсионӣ сурат гирифта, ба итминон метавон гуфт, ки натиҷаҳои он таъсири мусбии худро ҷиҳати дар ҷомеа ба вуҷуд овардани муносибати оштинопазир ба падидаи коррупсия ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии иштирокчиён мерасонад.

Маркази матбуоти Агентӣ