13-14 апрели соли 2026 бо ташаббуси раёсату шуъбаҳои маҳалливу минтақавии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани фарҳанги зиддикоррупсионӣ дар Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қисми ҳарбии №0203 Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи маорифи ноҳияи Шаҳринав вохӯриҳо ташкилу баргузор карда шуд, ки дар рафти он ҳайати васеи кормандони соҳаҳои гуногун, фаъолони ҷамъиятӣ ва сокинон ширкат варзиданд.

Дар чорабиниҳои барпошуда кормандони мақомот бо маърӯзаҳо баромад карда, роҷеъ ба қонунгузорӣ ва барномаҳои давлатии зиддикоррупсионӣ, оқибатҳои ногувори даст задан ба қонуншиканиҳои ба коррупсия алоқаманд ва ҷавобгарӣ барои онҳо, инчунин роҳҳои пешгирии содиршавии ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ ва дигар масъалаҳои марбутро мавриди муҳокимаронӣ қарор доданд.

Дар маҷмӯъ чорабиниҳо дар руҳияи зиддикоррупсионӣ сурат гирифта, ҳадаф аз баргузории чунин чорабиниҳо ин пеш аз ҳама баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии иштирокчиён ва ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба масоили муқовимат ба коррупсия арзёбӣ мегардад. 

Маркази матбуоти Агентӣ