Моҳи майи соли ҷорӣ бо мақсади баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии хизматчиёни давлатӣ ва ба ин васила паст кардани шиддати коррупсия бо ташаббуси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукмутаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор вохӯриҳо баргузор гардид.
Дар рафти чорабиниҳо аз тарафи масъулини Агентӣ маърӯзаҳо вобаста ба Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, Методологияи тартиб ва методикаи таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ) ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» ироа карда шуда, нақши амалисозии барномаҳои давлатии зиддикоррупсионӣ дар паст кардани шиддати ин зуҳурот ва аз байн бурдани омилҳои коррупсионӣ фаҳмонида дода шуданд.
Дар маҷмӯъ, ҳадаф аз баргузории ин гуна чорабиниҳо пеш аз ҳама баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии иштирокчиён ва ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба масоили муқовимат ба коррупсия арзёбӣ мегардад.
Маркази матбуоти Агентӣ