Моҳи апрели соли ҷорӣ бо ташаббуси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ва Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода бо мақсади баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии кормандони ниҳодҳои зикршуда ва ба ин васила паст кардани шиддати коррупсия як қатор вохӯриҳо баргузор гардид.
Дар чорабиниҳои барпошуда кормандони мақомот бо маърӯзаҳо баромад карда, ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ-зиддикоррупсионии кормандони соҳа, пешгирӣ аз содирнамоии кирдорҳои коррупсионӣ ва оқибатҳои ба он мусоидаткунанда ва таъмини амиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба коррупсия суханронӣ намуда, ба иштирокчиён мазмун ва муҳтавоии қонунгузорӣ ва барномаҳои давлатӣ дар самти муқовимат ба коррупсияро тавзеҳ доданд.
Дар маҷмӯъ, чорабиниҳо дар руҳияи зиддикоррупсионӣ сурат гирифта, ҳадаф аз баргузории он ин пеш аз ҳама баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии иштирокчиён ва ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба масоили муқовимат ба коррупсия арзёбӣ мегардад.
Маркази матбуоти Агентӣ