12-уми марти соли 2026 бо ташаббуси раёсату шуъбаҳои маҳалливу минтақавии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштан савияи дониши ҳуқуқии хизматчиёни давлатӣ ва мутахассисони соҳа дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ ва раёсати андози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон вохӯриҳо баргузор гардиданд.
Дар рафти чорабинӣ доираи васеи кормандони ниҳодҳои давлатӣ ва шаҳрвандон ширкат варзида, дар доираи он кормандони Агентӣ бо маърӯзаҳо роҷеъ ба қонунгузорӣ ва барномаҳои давлатии зиддикоррупсионӣ, оқибатҳои ногувори содиршавии қонуншиканиҳои коррупсионӣ ва ҷавобгарӣ барои онҳо, инчунин роҳҳои пешгирии содиршавии ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ ва дигар масъалаҳои мубрам баромад намуданд.
Маркази матбуоти Агентӣ