Санаи 20-уми августи соли 2025 бо ташаббуси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади натиҷагирӣ намудан аз ҳолати иҷрои Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Точикистон барои давраи то соли 2030 ва Нақшаи чорабиниҳои амалисозии он барои марҳилаи якум (солҳои 2021-2025) дар толори Муассисаи давлатии «Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев» бо иштироки роҳбарияту кормандони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ ва муассисаҳои зертобеи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи васеи корӣ карда шуд.

Дар чорабинии мазкур намояндагони Агентӣ бо маърӯза баромад намуда, оид ба рафти иҷрои барномаи давлатии зиддикоррупсионӣ, ҳолати дар амал татбиқ шудани бандҳои Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегия дар Вазорат ва тадбирҳои андешидашуда дар ин самт маълумоти муфассал манзур намуданд.

Аз ҷумла таъкид гардид, ки Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 барномаи миёнамуҳлати зиддикоррупсионӣ буда, он барои пешгирӣ ошкор ва бартараф намудани омилҳои институтсионалӣ, ки барои содир намудани ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ замина мегузоранд, равона гардидааст.

Дар умум чорабинӣ дар фазои илмӣғмубоҳисавӣ сурат гирифта, умед аст, ки натиҷаҳои он таъсири мусбии худро ҷиҳати дар соҳаи фарҳанг ба вуҷуд овардани муносибати оштинопазир ба падидаи коррупсия ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии иштирокчиён мерасонад.

Маркази матбуоти Агентӣ