13 марти соли ҷорӣ бо ташаббуси раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтар бо мақсади баланд бардоштани ҳисси миллӣ, хушиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва фарҳанги зиддикоррупсионӣ дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритус бо иштироки роҳбарият ва кормандони мақомот, инчунин роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ҳудуди ноҳия вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ кормандони Агентӣ вобаста ба худогоҳӣ ва худшиносӣ, ҳимояи арзишҳои фарҳангиву таърихи, эҳтироми анъанаҳои миллӣ ва дигар масъалаҳои мухталиф бо маърӯза баромад намуданд.
Дар маҷмӯъ чорабинӣ дар фазои дӯстӣ ва эҳтироми ҳамдигар сурат гирифта, ба итминон метавон гуфт, ки натиҷаҳои он барои баланд бардоштани ҳисси миллии иштирокчиёни вохӯрӣ мерасонад.
Маркази матбуоти Агентӣ