27 январи соли 2026 бо ташаббуси раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бо иштироки роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, имомхатибони масҷидҳо, директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, раисони маҳаллаҳо, инчунин раисон ва фаъолони ҷамоату деҳотҳои ноҳия вохӯрӣ баргузор карда шуд.
Чорабиниро раиси ноҳия Гулзода З.Ш. ҳусни оғоз бахшида, оид ба нуқтаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуда, дастуру супоришҳои аз ҷониби Роҳбари давлат дар Паёми навбатӣ ироашударо ба самъи иштирокчиён расониданд.
Зимнан, кормандони Агентӣ вобаста ба мавзӯи баррасишаванда баромад намуда, дар идомаи вохӯрӣ ба самъи ҳозирин моҳият ва муҳтавои қонунгузорӣ ва барномаҳои давлатии зиддикоррупсионӣ расонида шуд.
Пас аз анҷоми чорабинӣ бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон дар самти истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ ва қувваи барқ кормандони Агентӣ бо усули «хона ба хона» бо сокинони ҷамоату деҳотҳои Теҳрай ва Доғистони ноҳияи Ш.Шоҳин ҳамсуҳбат шуда, моҳият ва талаботҳои қонунгузории миллиро дар ин самтҳо фаҳмонида доданд.
Маркази матбуоти Агентӣ