Санаи 28 майи соли 2025 бо ташаббуси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кохи фарҳанги ноҳияи Хуросон вохӯрӣ баргузор гардид, ки дар рафти он роҳбарият ва кормандони дастгоҳи раиси ноҳияи Хуросон, роҳбарону кормандони воҳидҳои сохторӣ, кормандони соҳаи маориф, тандурустӣ, идораи замин, комиссариати ҳарбӣ, нозироти андоз, шабакаи барқ, кормандони дастгоҳи ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва дигар фаъолони ноҳия иштирок доштанд.

Дар чорабинии доиргардида намояндагони Агентӣ бо маърӯза баромад намуда, ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ-зиддикоррупсионии кормандони соҳа, пешгирӣ аз содирнамоии кирдорҳои коррупсионӣ ва оқибатҳои ба он мусоидаткунанда ва таъмини амиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба коррупсия суханронӣ намуда, ба иштирокчиён мазмун ва муҳтавоии қонунгузорӣ ва барномаҳои давлати дар самти муқовимат ба коррупсияро тавзеҳ доданд.

Ҳамзамон дар ҷараёни чорабинӣ намоиши расму овезаҳои таблиғотии зиддикоррупсионии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Хуросон сурат гирифт, ки маводҳои омодашуда аз тарафи иштирокчиён бо баҳои баланд арзёбӣ гардиданд.

Дар маҷмӯъ чорабинии болозикр дар фазои руҳияи зиддикоррупсионӣ сурат гирифта, ба итминон метавон гуфт, ки натиҷаҳои он таъсири мусбии худро ҷиҳати дар ҷомеа ба вуҷуд овардани муносибати оштинопазир ба падидаи коррупсия ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии иштирокчиён мерасонад.

Маркази матбуоти Агентӣ