29 январи соли 2026 бо ташаббуси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода  бо иштироки роҳбарият, сардорони раёсату шуъбаҳо, кормандони ташкилоту мауссисаҳо ва сокинону фаъолони шаҳри Турсунзода баргузор гардид.

Дар чорабинӣ намояндагони Агентӣ доир ба Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷиистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда, мазмун ва муҳтавои онро ба самъи ҳозирин расониданд.

Ҳамзамон, дар аснои вохӯрӣ муҳокимарониҳо атрофи масъалаи коррупсия ва роҳҳои мубориза алайҳи ин зуҳурот, тадбирҳои пешгирии коррупсия дар байни кормандони соҳа ва оқибатҳои даст задан ба амалҳои ришваситонӣ ва дигар кирдорҳои коррупсионӣ сурат гирифта, ба иштирокчиён оид ба талаботи қонунгузорӣ ва барномаҳои давлатии зиддикоррупсионӣ маълумоти муфассал пешниҳод карда шуд.

Маркази матбуоти Агентӣ