Санаи 2 феврали соли 2026 аз тарафи масъулини раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтар бо мақсади фаҳмонидани нуқтаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар вохӯрӣ ташкил ва баргузор карда шуд, ки дар рафти он муовини аввали раиси шаҳр, кормандони мақомот, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, директорони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва томактабӣ ширкат варзиданд.

Зимни баргузории чорабинӣ ба иштирокчиён нуқтаҳои асосии Паём Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба рушди технологияи инноватсионӣ, татбиқи иқтисоди рақамӣ, истифодаи васеи зеҳни сунъӣ, рушди босуръати саноатикунонии кишвар ҳамаҷониба тавзеҳ дода шуда, аз иштироккунандагон даъват ба амал овардашуд, ки баҳри дар амал татбиқ намудани вазифаҳои зимни Паём ироанамудаи Пешвои миллат тамоми чораҳои дахлдорро амалӣ намоянд.

Маркази матбуоти Агентӣ