3 феврали соли 2026 бо ташаббуси шуъбаи минтақавии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар водии Зарафшон дар маҷлисгоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами №6-и ноҳияи Айнӣ вохӯрии масъулини мақомот бо кормандони бахши минтақавии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар водии Зарафшон, шуъбаи маорифи ноҳия ва омӯзгорону хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ баргузор гардид.
Дар рафти чорабинӣ аз тарафи масъулини Агентӣ ба иштирокчиён роҷеъ ба қонунгузорӣ ва барномаҳои давлатии зиддикоррупсионӣ маълумоти муфассал пешниҳод гардида, дар идомаи он масъалаи муқовимат ба коррупсия дар соҳаи маориф ва нақши омӯзгорону толибилмон дар паст кардани шиддати ин зуҳурот мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Ҳамзамон бо мақсади таъмини арзёбии объективӣ, шаффоф ва одилонаи дониши довталабон зимни имтиҳонҳои давлатӣ ва баробарҳуқуқии онҳо барои дарёфти таҳсилоти миёнаю олии касбӣ дар доираи вохўрӣ масъалаи раванди имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ муҳоқимаронӣ гардид.
Маркази матбуоти Агентӣ