Санаи 7 – апрели соли 2026 дар бинои дастгоҳи марказии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии масъулини мақомот бо коршиноси Иттиҳоди Аврупо роҷеъ ба ҷараёни амалишавии Созишномаи молиявӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо оид ба таҳсилот ва тайёрии техникӣ/касбӣ ва Барномаи дастгирии буҷети бахши шуғл баргузор гардид.
Дар рафти чорабинӣ ҷонибҳо паҳлуҳои мухталифи татбиқи Созишнома ва Барномаи зикршуда, амалисозии сиёсати давлатии зиддикоррупсионӣ ва чораҳои андешида дар самти муқовимат ба коррупсияро мавриди музокира қарор дода, дар ин ҷараён ба якдигар савол ва таклифу пешниҳодҳои дахлдор манзур намуданд.
Дар маҷмӯъ, вохӯрӣ дар фазои дӯстона ва музокираӣ сурат гирифта, ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати густариши робитаи мутақобилан судманд изҳор карданд.
Маркази матбуоти Агентӣ