24 феврали соли 2026 бо ташаббуси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон вохӯрии масъулини мақомот бо донишҷӯён дар мавзӯи: «Муқовимат ба коррупсия ва терроризму экстремизм ҳамчун зуҳуроти номатлуб» сурат гирифт.
Дар чорабинии доиргардида намояндаи Агентӣ роҷеъ ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва барномаҳои давлатии зиддикоррупсионӣ, инчунин нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат вобаста ба баланд бардоштани ҳуввияти миллӣ, ҳифзи истиқлолу озодии Тоҷикистони маҳбубамон ва дастовардҳои он - сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ баромад намуд.
Ҳамзамон, дар доираи чорабинӣ байни ҳозирин муколама атрофи масъалаҳои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, пайравӣ ба оину фарҳанги бегона ва даъвати баҳории онҳо ба хизмати ҳарбӣ анҷом дода шуда, таъкид гардид, бо ҳисси баланди ватандӯстиву ватанпарастӣ ва худогоҳии миллӣ дар амалӣ намудани сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат баҳри пешрафту шукуфоии Ватани азизамон тамоми кӯшишу ғайрати хешро равона намоянд.
Маркази матбуоти Агентӣ