Санаҳои 4-ум ва 5-уми марти соли 2026 бо ташаббуси раёсатҳои маҳалливу минтақавии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани фарҳанги зиддикоррупсионии хизматчиёни давлатӣ ва шаҳрвандон дар ноҳияҳои Спитамену Зафарободи вилояти Суғд ва ноҳияи Шуғнони ВМКБ вохӯриҳо ташкилу баргузор карда шуд, ки дар рафти он ҳайати васеи кормандони соҳаҳои гуногун, фаъолони ҷамъиятӣ ва сокинон ширкат варзиданд.

Дар чорабиниҳо кормандони Агентӣ бо маърӯза баромад намуда, таҳлили қонунгузорӣ ва барномаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муќовимат ба коррупсия» ва Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, вазъи ошкор ва баррасии қонуншиканиҳои коррупсионӣ ва ҷавобгарӣ барои онҳо, инчунин роҳҳои пешгирии содиршавии ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсиониро зимни даъват ба хизмати ҳарбӣ ва дигар масъалаҳои ҷолиби диққат мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар маҷмӯъ чорабиниҳо дар фазои руҳияи зиддикоррупсионӣ сурат гирифта, ба итминон метавон гуфт, ки натиҷаҳои он таъсири мусбии худро ҷиҳати ба вуҷуд овардани муносибати оштинопазир ба падидаи коррупсия ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ мерасонад.

Маркази матбуоти Агентӣ