3-уми марти соли 2026 бо ташаббуси шуъбаи минтақавии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар водии Зарафшон дар толори Кохи фарҳанги ба номи Олим Бобоеви Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент мулоқоти корӣ дар доираи Нақшаи чорабиниҳои тарғиботию ташвиқотӣ дар самти пешгирии коррупсия зимни даъват ба хизмати ҳарбӣ гузаронида шуд, ки дар рафти он роҳбарият ва кормандони МИҲД шаҳри Панҷакент, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, комиссияҳои даъвати ҳарбӣ, кормандони комиссариати ҳарбии шаҳр, фаъолон, эмомхатибон ва дигар масъулон иштирок намуданд.
Дар чорабинии барпошуда кормандони шуъба бо маърӯза баромад намуда, қонунгузорӣ ва барномаҳои давлатӣ дар самти муқовимат ба коррупсия, вазъи ошкор ва баррасии ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ ва ҷавобгарии барои онҳо пешбинишуда, инчунин роҳҳои пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсиониро зимни даъват ба хизмати ҳарбӣ мавриди муҳокима қарор доданд.
Маркази матбуоти Агентӣ