21-уми январи соли 2026 бо ташаббуси раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо иштироки роҳбарият, сардорони раёсату шуъбаҳо, роҳбарони муассисаҳои зертобеи мақомот ва фаъолони шаҳраку маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд вохӯрии судманд баргузор гардид.

Дар чорабинӣ намояндагони Агентӣ доир ба Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷиистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда, мазмун ва муҳтавои онро ба самъи ҳозирин расониданд.

Ҳамзамон, дар аснои вохӯрӣ муҳокимарониҳо атрофи масъалаи коррупсия ва роҳҳои мубориза алайҳи ин зуҳурот, тадбирҳои пешгирии коррупсия дар байни кормандони соҳа ва оқибатҳои даст задан ба амалҳои ришваситонӣ ва дигар кирдорҳои коррупсионӣ сурат гирифта, ба иштирокчиён оид ба талаботи қонунгузорӣ ва барномаҳои давлатии зиддикоррупсионӣ маълумоти муфассал пешниҳод карда шуд.

Маркази матбуоти Агентӣ