Моҳи марти соли ҷорӣ бо ташаббуси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷлисгоҳи дастгоҳи марказии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият ва кормандони Вазорат вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрии барпошуда кормандони Агентӣ бо маърӯза баромад намуда, таҳлили қонунгузорӣ ва барномаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба коррупсияро гузаронида, вобаста ба роҳҳои пешгирӣ ва огоҳсозии ин зуҳурот дар байни кормандон, оқибатҳои даст задан ба кирдорҳои коррупсионӣ ва дигар масъалаҳои мубрам маълумоти муфассал пешниҳод намуданд.
Ҳамзамон, дар доираи чорабиниҳо ба самъи иштирокчиён нуқтаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ба Маҷлиси Олии Ҷуҳурии Тоҷикистон расонида шуд.
Маркази матбуоти Агентӣ