Санаи 30-юми июли соли 2025 дар бинои дастгоҳи марказии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарияти мақомот намояндагони ҳайати расмии Агентии муқовимат ба коррупсия ва Департаменти мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодии назди Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Ӯзбекистонро ба ҳузур пазируфта, вохӯрӣ анҷом доданд.

Вохӯрии мазкур ҷиҳати иҷрои талаботи «Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии Созишномаи ҳамкорӣ байни Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Департаменти мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодии назди Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои солҳои 2025-2026» ва «Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Ёддошти тафоҳум байни Агентӣ ва Агентии муқовимат ба коррупсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои солҳои 2024-2025» ташкил ва баргузор карда шуд.

Зимни мулоқот махсусан қайд гардид, ки дӯстӣ ва бародарии байни Тоҷикистону Ӯзбекистон дар солҳои охир ба сатҳи сифатан нав баромадааст. Ин пешрафт, пеш аз ҳама, ба иродаи қавии роҳбарони давлатҳои мо – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, муҳтарам Шавкат Мирзиёев вобаста аст, ки бо талошҳои муштарак муносибатҳои дуҷонибаро ба сатҳи шарикии стратегӣ бардоштанд. Ин муносибатҳо, ки бар асоси эътимод ва тафоҳуми мутақобила бунёд ёфтаанд, ба мо имкон медиҳанд, ки дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла мубориза бо коррупсия, ҳамкории самаранок анҷом диҳем.

Маврид ба зикр аст, ки дар доираи сафари кории ҳайатҳои мақомоти зиддикоррупсионии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бинои дастгоҳи марказии Агентӣ баргузории семинарҳои омӯзишӣ давоми ду рӯз ба нақша гирифта шуда, дар рафти он ҷониби ӯзбекистонӣ бо сиёсати зиддикоррупсионии кишвар ва натиҷаҳои ноилгаштаи мақомоти Агентӣ дар ин самт шинос карда мешаванд.

Дар маҷмӯъ вохӯрии болозикр дар сатҳи баланд баргузор гардида, ҷонибҳо ба рушди муносибатҳои мутақобилан судманд дар самти муқовимат ба ҷиноятҳои иқтисодӣ ва коррупсионии фаромиллӣ таваҷҷӯҳ намуда, омодагии худро ҷиҳати густариши равобит дар чаҳорчӯби санадҳои ҳамкории дуҷониба изҳор намуданд.

Маркази матбуоти Агентӣ.