30 октябри соли 2025 дар бинои дастгоҳи марказии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии ҳайати расмии мақомот таҳти роҳбарии муовини якуми директори Агентӣ - Расулӣ Барот бо ҳайати гуруҳи мониторингии Хазинаи Байналмилалии Асъор таҳти роҳбарии - Метю Гартнер вобаста ба раванди татбиқи Барномаи фишанги ҳамоҳангсозии сиёсат сурат гирифт.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо атрофи масоили муқовимат ба коррупсия муколамаи судманд анҷом дода, фикру мулоҳизаҳои худро вобаста ба раванди эъломиякунонии дороиҳои шахсони мансабдор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастовардҳо аз натиҷаи татбиқи марҳилаи якуми нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, мутобиқгардони қонунгузории кишвар ба талаботи санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ва дигар масоили мубрами соҳа иброз намуданд.

Зимнан ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки бо мақсади паст кардани шиддати коррупсия дар кишар ва муқовимат бар зидди ин зуҳурот давоми солҳои оянда дар доираи барномаҳои муштараки зиддикоррупсионӣ ҳамкории худро густариш медиҳанд.

Дар маҷмӯъ, вохӯрӣ дар руҳияи ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтироми якдигар сурат гирифта, ба итминон метавон гуфт, ки натиҷаҳои он барои густариши фаъолияти мақомот дар амалигардонии сиёсати зиддикоррупсионии кишвар заминаи мусоидро фароҳам хоҳад овард.

Маркази матбуоти Агентӣ