23 сентябри соли 2025 дар бинои дастгоҳи марказии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии роҳбарияти Агентӣ бо намояндаи доимии навтаъини Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон Судипта Мукерҷӣ сурат гирифт.

Зимни вохӯрӣ директори Агентӣ - Султонзода Сулаймон Саид ташрифи аввалини намояндаи доимии навтаъини Барномаи мазкур - ҷаноби Судипта Мукерҷиро ба мақомот хайрамақдам гуфта, дар корҳои эшон ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматиашон комёбиҳо таманно намуданд.

Сипас ҷонибҳо атрофи масоили муқовимат ба коррупсия муколамаи судманд анҷом дода, масъалаи аз ҷониби мақомоти Агентӣ роҳандозӣ намудани таҷрибаи давлатҳои пешқадам дар самти амалисозии барномаҳои зиддикорупсионӣ, махсусан роҷеъ ба шаффофият ва ҳамгироӣ байни бахшҳои оммавию хусусӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ мавриди муҳокима қарор дода шуд.

Дар идома, ҷаноби Судипта Мукерҷӣ аз дастовардҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми солҳои соҳибистиқлолӣ, аз ҷумла дар самти муқовимат ба коррупсия изҳори таҳсин намудаанд. Зимнан ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки бо мақсади паст кардани шиддати коррупсия дар кишар ва муқовимат бар зидди ин зуҳурот давоми солҳои оянда дар доираи барномаҳои муштараки зиддикоррупсионӣ ҳамкории худро густариш медиҳанд.

Дар маҷмӯъ, вохӯрӣ дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтироми якдигар сурат гирифта, натиҷаҳои он барои тақвият бахшидани фаъолияти мақомот дар амалигардонии сиёсати зиддикоррупсионии кишвар заминаи мусоидро фароҳам хоҳад овард.

Маркази матбуоти Агентӣ