Санаи 14-уми августи соли 2025 бо ташаббуси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дар толори маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият ва сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказии Вазорат, ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва дигар масъулини зерсохтории он, инчунин бо иштироки маҷозии сардорони раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ вохӯрии судманд дар мавзӯӣ «Муқовимат ба коррупсия дар соҳаи маориф ва илм: мушкилот, дурнамо ва роҳҳои ҳалли он» баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур намояндагони Агентӣ бо маърӯза баромад намуда, оид ба мавҷудияти ҳолатҳои коррупсионӣ дар соҳаи маориф ва илм ва роҳҳои мубориза алайҳи ин зуҳурот, тадбирҳои пешгирии коррупсионӣ дар байни кормандони соҳа, оқибатҳои даст задан ба амалҳои ришваситонӣ ва хисороту хислатҳои манфии ин зуҳурот ба соҳаи маориф ва илм баромад намуда, зимнан ба иштирокчиён талаботи қонунгузорӣ ва барномаҳои давлатии зиддикоррупсионӣ маълумоти муфассал манзур карда шуд.

Дар маҷмӯъ чорабинии болозикр дар фазои руҳияи зиддикоррупсионӣ сурат гирифта, ба итминон метавон гуфт, ки натиҷаҳои он таъсири мусбии худро ҷиҳати дар соҳаи маориф ва илм ба вуҷуд овардани муносибати оштинопазир ба падидаи коррупсия ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии иштирокчиён мерасонад.

Маркази матбуоти Агентӣ