Санаи 2 апрели соли 2026 дар бинои дастгоҳи марказии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии масъулини мақомот бо кормандони Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон ва коршиносони миллӣ баргузор гардид, ки дар рафти он инчунин роҳбарият ва шахсони масъули ҶСК «Маркази тасдиқкунандаи хизматрасониҳои давлатӣ ва таҳияи барномаҳои рақамӣ»-и Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзиданд.
Дар рафти вохӯрӣ масъалаи татбиқи Барномаи зиддикоррупсионии «Тақвияти шаффофият ва ҳисоботдиҳӣ барои ноил шудан ба натиҷаҳо», ки он аз тарафи Агентӣ дар ҳабастагӣ бо Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон амалӣ карда мешавад, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Қайд гардид, ки татбиқи Барнома ва дар ин ҷода роҳандозӣ намудани платформаҳои электронии муосир барои паст кардани шиддати коррупсия дар кишвар, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҷалби ҷомеа ба масъалаи муқовимат ба коррупсия, таъмини шаффофият ва баланд бардоштани мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раддабандиҳои байналмилалӣ заминаи мусоид хоҳад гузошт.
Аз натиҷаи баргузории вохӯрии зикршуда ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки давоми соли ҷорӣ иқдомоти дар доираи Барнома пешбинишударо дар ҳамбастагӣ татбиқ хоҳанд кард.
Маркази матбуоти Агентӣ