18-уми ноябри соли 2025 бо ташаббуси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Шаҳринав вохӯрии кормандони мақомот бо сокинони ноҳияи Шаҳринав баргузор гардид, ки дар рафти чорабинӣ раиси ноҳия, роҳбарият ва кормандони МИҲД ноҳияи Шаҳринав, намояндагони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва сокинону фаъолони ноҳия иштирок намуданд.

Чорабинии мазкур бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии сокинон ва ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба масоили муқовимат ба коррупсия равона гардида, дар рафти он аз тарафи масъулини Агентӣ муҳтавои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадориҳои ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ», «Дар бораи муқовимат ба коррупсия», инчунин моҳияти Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 фаҳмонида дода шуд.

Дар маҷмӯъ вохӯрӣ дар руҳияи зиддикоррупсионӣ сурат гирифта, ба итминон метавон гуфт, ки натиҷаҳои он таъсири мусбии худро ҷиҳати дар ҷомеа ба вуҷуд овардани муносибати оштинопазир ба падидаи коррупсия ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии иштирокчиён мерасонад.

Маркази матбуоти Агентӣ