Дар идомаи Нақша-чорабиниҳои раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон моҳи августи соли ҷорӣ бо мақсади баланд бардоштани савияи ҳуқуқии хизматчиёни давлатӣ ва мутахассисони соҳа дар толори Мақомоти маҳалли иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ванҷ вохӯрии кормандони мақомот бо масъулин ва сокинони ноҳияи Ванҷ сурат гирифт.

Дар рафти чорабинӣ қайд гардид, ки коррупсия яке аз зуҳуроти номатлуби ҷаҳони муосир ба ҳисоб рафта, он ба рафти густариши тамоми соҳаҳои давлатӣ таъсири манфии худро мерасонад. Зимнан муқовимат ба коррупсия кори дастаҷамъӣ буда, барои мубориза бо ин падидад нақши ҳар як нафар муҳим арзёбӣ мегардад.

Ҳамзамон дар рафти вохӯрӣ масъулини Агентӣ дар доираи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, бахусус кодексҳои ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» ва Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 суханронӣ намуда, ба саволҳои иштирокчиён посухҳои мушаххас дода шуд.

Маркази матбуоти Агентӣ