Моҳи июни соли ҷорӣ бо мақсади баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионӣ, ҳувияти миллӣ ва ҳисси ватандӯстии ҷавонон вохӯрии кормадони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати афсарону сарбозони Маркази таълимии «Пойтахт»-и Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар чорабинӣ раванди дар амал татбиқ намудани «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва дигар барномаҳои давлатии зиддикоррупсионӣ ба ҳозирин фаҳмонида дода шуда, қайд гардид, ки коррупсия мушкилоти глобалии ҷаҳони муосир буда, он ҳамчун падидаи сиёсию иҷтимоӣ ба тамоми паҳлӯҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, идоракунии давлатӣ, рушди босуботи иқтисодиёт, некӯаҳволии мардум, таъмини риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд таъсири манфӣ мерасонад.
Дар баробари ин дар доираи «Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» ба сарбозон мафҳуму моҳияти ҷиноятҳои фаромиллӣ, оқибатҳои ногувори он ба сулҳу субот, ҳамдигарфаҳмии миллӣ ва рукнҳои давлатдории миллӣ фаҳмонида дода шуда, аз ҳозирин даъват гардид, ки бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва шукргузорӣ аз истиқлолияти Ватани хеш дар пешгирии содиршавии тамоми ҷинояту ҷинояткорӣ дар қатори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ камари ҳиммат баста, дар ҷавоб ба ғамхориҳои ҳамешагии Ҳукумати мамлакат барои ободии Тоҷикистон саҳми арзандаи хешро гузоранд.

Маркази матбуоти Агентӣ