Санаи 16 феврали соли 2026 дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар доираи «Ёддошти тафоҳум байни Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии муқовимат ба коррупсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон» ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳои байналмилалӣ ва роҳандозӣ намудани таҷрибаи пешқадам дар самти муқовимат ба коррупсия вохӯрии дуҷонибаи ҳайати расмии Агентӣ бо роҳбарияти Агентии муқовимат ба коррупсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид.

Ҷонибҳо ба рушд ва тавсеаи равобити мутақобилан судманд дар самти муқовимат ба коррупсия таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуда, омодагии худро барои густариши ҳамкориҳо дар чаҳорчӯби Ёддошти тафоҳум изҳор намуданд.

Ҳадафи асосии анҷом додани сафари кории ҳайати расмии Агентӣ ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон ин омӯзиши таҷрибаи Агентии муқовимат ба коррупсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар роҳандозӣ намудани чораҳои пешрафтаи муқовимат ба коррупсия арзёбӣ мегардад.

Маркази матбуоти Агентӣ