17 ноябри соли 2025 бо ташаббуси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бинои дастгоҳи марказии мақомот вохӯрии масъулини Агентӣ бо намояндагони ассотсиатсияҳо ва иттиҳодияҳои соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт.
Ҳадаф аз баргузории вохӯрӣ ин баррасии масоили дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар ҷумҳурӣ, вусъат бахшидани чораҳои муқовимат ба коррупсия дар соҳаи тиҷорат (бизнес) ва бахши хусусӣ, мушкилотҳои ҷойдошта ва роҳҳои ҳалли он, усулҳои муосири идоракунии корпоративӣ ва поквиҷдонӣ дар тиҷорат (бизнес) арзёбӣ гашта, дар рафти он ҳамкории ҷонибҳо дар хусуси паст кардани шиддати коррупсия дар бахши хусусӣ ва нақши ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар татбиқи сиёсати давлатии зиддикоррупсионӣ мавриди муҳокимаронӣ қарор гирифтанд.
Дар маҷмӯъ чорабинӣ дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтироми тарафайн сурат гирифта, дар рафти он аз тарафи иштирокчиён пешниҳодҳои мушаххас вобаста ба густариши ҳамкорӣ бо ташкилотҳои соҳавӣ ва бартараф намудани мушкилотҳои дар соҳа ҷойдошта ироа гардиданд.
Маркази матбуоти Агентӣ