Бо мақсади баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии хизматчиёни давлатӣ аз ҷониби кормандони раёсати Агентии назорати давлатии молияӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо ҳайати шахсии дидбонгоҳи гумрукии «Фотеҳобод»-и гумрук дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд вохӯрӣ баргузор карда шуд.​

Дар рафти чорабинӣ аз ҷониби кормандони Агентӣ вобаста ба татбиқи сиёсати зиддикоррупсионӣ дар кишвар, бартараф намудани омилҳои коррупсионӣ, худдорӣ намудан аз кирдорҳои иснодоваранда ба шанъу шарафи хизматчии давлатӣ ва дигар масъалаҳои мубарами рўз баромадҳои пурмуҳтаво ироа гардид.

Қайд карда шуд, ки муқовимат ба коррупсия кори дастаҷамъона буда, нақши ҳар як хизматчии давлатӣ дар паст кардани шиддати ин падида ва муқовимат ба он муҳим арзёбӣ мегардад. Зимнан аз иштирокчиён таклиф ба амал оварда шуд, ки вазифаҳои хизматии худ худро бо дасту дили пок иҷро намуда, баҳди гул-гул шукофоии Ватани азизамон саҳми арзандаи худро гузоранд.

Маркази матбуоти Агентӣ