13 июни соли 2025 дар бинои дастгоҳи марказии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо корррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалсаи навбатии Гурӯҳи кории байниидоравӣ роҷеъ ба худбаҳодиҳии даври дуюми шарҳи татбиқи бобҳои 2 ва 5 Конвенсияи СММ зидди коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар рафти он дар баробари кормандони мақомот, инчунин масъулин аз дигар вазорату идораҳои кишвар ширкат варзиданд.
Дар рафти чорабинӣ ба аъзоёни гурӯҳи кории байниидоравӣ маълумотномаҳои таҳлилии омоданамудаи Агентӣ нисбат ба хулосаҳои аз ҷониби вазорату идораҳои дахлдор роҷеъ ба татбиқи бобҳои 2 ва 5 Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон манзургардида мавриди музокира қарор дода шуда, дар натиҷа таклифу пешниҳодҳо ҷиҳати такмил додани хулосаҳои болозикр таҳия гардид.
Чорабинӣ дар фазои дӯстона ва музокиравӣ сурат гирифта, умед аст, ки аз натиҷаи он ҳисоботи пурра роҷеъ ба татбиқи бобҳои 2 ва 5 Конвенсияи СММ зидди коррупсия дар кишвар омода карда мешавад.
Маркази матбуоти Агентӣ