Санаи 9 июни соли 2025 бо ташаббуси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун раискунанда дар Шӯрои байнидавлатии муқовимат ба коррупсияи давлатҳои - аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҷаласаи гурўҳи кории коршиносони Шӯро тариқи маҷозӣ ташкил ва баргузор карда шуд.
Дар ҷаласа ба ғайр аз кормандони Агентӣ инчунин масъулин аз ҳисоби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи давлатҳои Армения, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Федератсияи Россия ширкат варзида, дар рафти он масъалаҳо вобаста ба фаъолияти гурўҳи корӣ, раванди иҷрои Нақшаи кории Шўро, пешниҳоди аъзоён ҷиҳати ворид намудан ба рӯзномаи ҷаласаи навбатии Шӯро, инчунин раванди омодабинӣ ба баргузории ҷаласаи навбатии Шӯро мавриди баррасӣ қарор дода шуда, дар фарҷоми он байни иштирокчиён мубодилаи афкор сурат гирифт.
Қобили зикр аст, ки чорабинии мазкур бо мақсади ба танзим даровардани фаъолияти Шӯро дар самти муқовимат ба коррупсия ва амалӣ намудани қарорҳои дар доираи ҷаласаҳои он қабулшуда равона гардида, дар назар аст, ки натиҷаҳои он барои густариши фаъолияти он заминаи мусоид фароҳам меоварад.

Маркази матбуоти Агентӣ