Моҳҳоии ноябр ва декабри соли 2025 бо ташаббуси раёсату шуъбаҳои маҳалливу минтақавии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ, вилояти Суғд, шаҳрҳои Панҷакент, Кӯлоб ва Турсунзода семинару вохӯриҳо ташкил ва баргузор карда шуд, ки дар рафти он ҳайати васеи кормандони соҳаҳои гуногун, фаъолони ҷамъиятӣ ва шаҳрвандон ширкат варзиданд.

Дар вохӯриҳои барпошуда кормандони Агентӣ бо маърӯзаҳо баромад карда, роҷеъ ба қонунгузорӣ ва барномаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба коррупсия, оқибатҳои ногувори содиршавии қонуншиканиҳои коррупсионӣ ва ҷавобгарӣ барои онҳо, инчунин роҳҳои пешгирии содиршавии ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсиониро мавриди муҳокимаронӣ қарор доданд.

Дар маҷмӯъ чорабиниҳо дар руҳияи зиддикоррупсионӣ сурат гирифта, ҳадаф аз баргузории чунин чорабиниҳо ин пеш аз ҳама баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии иштирокчиён ва ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба масоили муқовимат ба коррупсия арзёбӣ мегардад.

Маркази матбуоти Агентӣ