Моҳи сентябри соли 2025 бо ташаббуси раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтар бо кормандони комиссариатҳои ҳарбии шаҳрҳои Бохтар, Левакант, Норак ва ноҳияҳои Панҷ, Ҷайҳун, Кушониён, Вахш, Хуросон, Абдураҳмони Ҷомї ва Ёвон вохӯриҳо баргузор гардид.
Дар чорабиниҳо кормандони Агентӣ бо маърӯза баромад намуда, таҳлили қонунгузорӣ ва барномаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба коррупсия, вазъи ошкор ва баррасии қонуншиканиҳои коррупсионӣ ва ҷавобгарӣ барои онҳо, инчунин роҳҳои пешгирии содиршавии ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсиониро зимни даъват ба хизмати ҳарбӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.
Таъкид гардид, ки бо фароҳам омадани шароити мусоид барои хизматчиёни ҳарбӣ, теъдоди хоҳишмандони хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон афзоиш ёфта, ин аз болоравии ҳисси ватанпарастӣ ва муҳаббат ба Ватан дар байни насли ҷавон дарак медиҳад.
Маркази матбуоти Агентӣ